Ҳамлаи Амрико ба Венесуэла
Байналмилал
Бомдоди имрӯз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо анҷом додани ҳамлаи низомӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Венесуэла бори дигар чеҳраи воқеии сиёсатҳои таҷовузкорона ва истикбории худро ошкор сохт.
Тибқи гузоришҳои ибтидоӣ, ин ҳамла бархе аз минтақаҳои муҳими кишварро ҳадаф қарор дода, боиси нигаронии ҷиддии мардуми Венесуэла ва ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст.
Коршиносон ин иқдоми Вашингтонро идомаи сиёсати дахолатҷӯёна ва қонуншиканонаи Амрико дар умури кишварҳои мустақил арзёбӣ мекунанд — сиёсате, ки солҳои тӯлонӣ зери ниқоби «дифоъ аз демократия» амалӣ шуда, аммо дар асл ба хотири таъмини манофеи истикбории худ сурат мегирад.
Ҳукумати Венесуэла ин ҳамларо ба шиддат маҳкум карда, онро нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ хондааст. Мақомоти Каракас таъкид намудаанд, ки мардуми Венесуэла дар баробари ҳар гуна таҷовузи хориҷӣ истодагарӣ хоҳанд кард ва иҷоза нахоҳанд дод, ки сарнавишти кишварашон тавассути қудратҳои истикборӣ таъйин гардад.
Ин ҳамла дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳо ва ҷараёнҳои озодихоҳи ҷаҳон борҳо сиёсати зӯроваронаи Амрикоро маҳкум намуда, хостори поён додан ба дахолатҳои низомии он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон шудаанд.
Қаламонлайн
qalamonline.net













