Ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Яман ба 3 киштии исроилӣ

Ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Яман ба 3 киштии исроилӣ

Ахбори байналмилал

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман, аз ҳадаф қарор додани 3 киштии исроилӣ дар амалиёти мушакӣ ва паҳподӣ дар уқёнуси Ҳинд ва халиҷи Адан хабар доданд.

Ба гузориши Алъолам

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, бо судури баёнияе, аз ҳамла ба 3 киштии саҳюнистӣ ва ё вобаста ба душмани саҳюнистӣ дар уқёнуси Ҳинд ва халиҷи Адан (панҷшанбе, 9-май) хабар дод.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман хотирнишон кард:

“Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар амалиёти муштарак, ду киштии исроилии MSC Diego ва MSC Gina-ро дар халиҷи Адан ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ ва чанд фарванд мушаки болистик қарор доданд.

Нерӯи мушакӣ низ дар ду амалиёт киштии MSC Vittoria-ро як бор дар уқёнуси Ҳинд ва бори дигар баҳри Араб ҳадаф қарор дод, ки мушак ба он исобат кард.

Дар ҳамин замина Зайфуллоҳ Шомӣ, аз раҳбарони ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи сешанбе (7-май) ба Алъолам гуфт, ки дар сурати таваққуфи таҷовуз ба Ғазза ва вуруди кӯмакҳои башардӯстона ба ин минтақа, ин ҷунбиш аз амалиёти худ алайҳи аҳдофи саҳюнистӣ хоҳад кост.

Вай идома дод: “Агар таҷовузи кунунӣ ба Ғазза мутаваққиф ва муҳосира бардошта шавад, шояд аз шиддати амалиёт коста шавад, аммо муқовамат ба унвони як асли асосӣ ва фарҳанг ба ёрии Худованди Мутаол идома хоҳад ёфт ва мутаваққиф нахоҳад шуд.”

Вай хотир нишон кард, ки масъалаи Фаластин, озодсозии Қудс, Масҷидулақсо ва маконҳои муқаддаси исломӣ барои мо як ҳадафи роҳбурдӣ аст, ки наметавонем аз он ақибнишинӣ кунем.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Донишомӯзии Абӯалӣ ибни Сино
Муҳити шод барои тарбияти фарзандони шод

Матолиби пурбоздид