Ҳамлаи муҷаддади Омрико ва Англис ба Яман

Ҳамлаи муҷаддади Омрико ва Англис ба Яман

Ахбори байналмилал

Farsnews

Ҳавопаймоҳои ҷангии омрикоӣ ва ангилисӣ манотиқеро дар ғарби Яман ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Ба гузориши Форс, шабакаи Алмасираи Яман аз ҳамлаи муҷаддади ҳавопаймоҳои ҷангии омрикоӣ ва ангилисӣ ба ғарби Яман хабар дод.

Алмасира гузориш дод, минтақаи Раъси Исо дар ғарби Яман бори дигар ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Ин ҳамла дар ҳоле анҷом шудааст, ки соатҳое қабл аз интишори ин гузориш, расонаҳои яманӣ аз ҳамлаи Омрико ва Ангилис ба ҳамин минтақа хабар дода буданд.

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман то лаҳзаи интишори ин гузориш вокунише ба ин ахбор нишон надодааст.

Яман ба дунболи ташдиди ҳамалоти артиши Исроил ба навори Ғазза ба ҳеч киштии исроилӣ ва киштиҳое, ки мақсади онҳо Фаластини ишғолӣ буд, иҷозаи убур аз баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандибро надод, аз ин рӯ Омрико барои ҷилавгирӣ аз ин амалиётҳо эътилофе ташкил дод ва ҳамалот ба хоки Яманро оғоз кард.

Нерӯҳои яманӣ дар посух ба ҳамалоти ҳавоии эътилофи Омрико ба хоки ин кишвар, тайи рӯзҳои гузашта борҳо шиноварҳои омрикоӣ ва ангилисиро ҳадаф қарор додааст.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон ба 13 мавзеи артиши Исроил
Ман он шамъам, ки механдам…

Матолиби пурбоздид