Ҳамлаи рокетии густарда ба пойгоҳи низомии Омрико дар шарқи Сурия

Ҳамлаи рокетии густарда ба пойгоҳи низомии Омрико дар шарқи Сурия
Ахбори байналмилал
Пойгоҳи низомии Омрико дар майдони нафтии Ал-Умар дар шарқи Сурия ҳадафи ҳамалоти густурдаи рокетӣ қарор гирифт.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алъолам, пойгоҳи Омрико дар майдони нафтии Ал-Умар дар шарқи Сурия имрӯз (душанбе, 8 январ) бо 30 рокет ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Бар асоси ин гузориш, дар ҳамин замина як манбаъи майдонӣ дар Сурия хотирнишон кард, ки ин амалиёт дар посух ба ҳамлаи ҳавоии рӯзи гузаштаи Омрико ба як комиюн дар марзи Ал-Қоим ва Букамол анҷом шудааст.
Манобеъи ироқӣ баъд аз зуҳри рӯзи гузашта хабар дода буданд, ки як парандаи ҳавоии ношинос эҳтимолан омрикоӣ, як комиюнро дар хоки Сурия дар ҷоддаи Букамол ба Ал-Қоим мавриди ҳамла қарор додааст.
Шабакаи Алмаёдин гузориш дод, ки дар амалиёти имрӯз, пойгоҳи Омрико бо 30 рокет ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст ва рокетҳо мустақиман бо аҳдоф бархӯрд доштаанд.
То кунун ҳеч гурӯҳе расман масъулияти ин амалиётро бар ӯҳда нагирифтааст. Пойгоҳҳои Омрико тайи ҳафтаҳои гузашта борҳо аз сӯйи муқовамати исломии Ироқ ва дар вокуниш ба куштори фаластиниёни Ғазза мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гиреҳгушой
Дидори руасои Маҷлиси Тоҷикистон ва Эрон

Матолиби пурбоздид