Ҳамлаи сангини режими саҳюнистӣ ба ҷануби Бейрут

Ҳамлаи сангини режими саҳюнистӣ ба ҷануби Бейрут

Ахбори байналмилал

Ба гузориши хабаргузории Форс, артиши Исроил аз ҳамла ба аҳдофе дар Зоҳия дар ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнон хабар дод.

Манобеи хабарӣ аз вуқӯъи чандин инфиҷор дар Зоҳияи ҷанубӣ дар Бейрут хабар додаанд.

Расонаҳои исроилӣ мегӯянд, дар ин ҳамла сохтмоне дар дар Зоҳия бо се мушак ҳадаф қарор гирифтааст. Ин манобеъ иддао карданд, ки ҳадафи мавриди назар як маркази фармондеҳӣ ва контроли Ҳизбуллоҳ будааст.

Ҳамзамон артиши режими саҳюнистӣ бо таъйиди ин хабар эълом кард, ки Зоҳияро ҳадаф қарор дода ва гуфта, мо дар ҳоли ҳозир ба зерсохтҳои Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Бейрут ҳамла мекунем.

Дафтари Натонёҳу низ дар баёнияе эълом кард, артиши Исроил, таҳти ҳидояти Натонёҳу ва Исроил Котз, вазири ҷанги ин режим, ҳамлаеро ба мақарри Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Бейрут анҷом додааст.

Дафтари нахуствазири Исроил муддаӣ шуд, ҳамалот ба ҷануби Бейрут посухе ба оташи Ҳизбуллоҳ ба Исроил аст.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қолибоф: “Омрико ва Исроил фақат забони қудратро мефаҳманд”
Иброҳим Ризоӣ: Имшаб осмони сарзаминҳои ишғолиро бинед!

Матолиби пурбоздид