Ҳамлаи Эрон ба пойгоҳе, ки Натонёҳу аз онҷо таҳдид мекард
Ахбори байналмилал
Farsnews
Навотим, пойгоҳе аст, ки Натонёҳу бо ҳузур дар он, таҳдид карда буд, ки Ҳамосро нобуд хоҳад кард ва ба пирӯзии комил хоҳад расид.
Бенёмин Натонёҳу дар январи 2024 дар пойгоҳи ҳавоии Навотим зимни ҳузур муқобили як ҷангандаи F-35 гуфта буд:
“Ҷанг идома дорад ва то поён идома хоҳад дошт, то замоне, ки ҳамаи аҳдофи худро ба даст биёварем. Бозгашти асирон, аз байн бурдани Ҳамос ва итминон аз ин ки Ғазза дигар таҳдиде барои Исроил нахоҳад буд. Мо то пирӯзии комил ба мубориза дар замин, дарё ва ҳаво идома хоҳем дод.”
Навотим, яке аз пойгоҳҳои муҳимми режими саҳюнистӣ аст ба тавре, ки ҷангандаҳои пешрафтаи F-35-и Омрико, дар он мустақар шудаанд. Ҳамчунин, бархе аз ҳавопаймоҳои омрикоӣ, ҳомил кӯмакҳои низомӣ ба Исроил буданд, дар ин пойгоҳ фуруд меомаданд.
Дар октябри 2023, Донил Ҳогорӣ, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ эълом карда буд:
“Ҳавопаймои ҳомили муҳиммоти омрикоӣ дар пойгоҳи ҳавоии Навотим фуруд омад.”
Нуктаи бисёр муҳимми дигар ин аст, ки ҳамлаи теруристии Исроил ба консулгарии Эрон, аз пойгоҳи Навотим сурат гирифта буд.
Дар ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ, пойгоҳи ҳавоии Навотим яке аз аҳдофе буд, ки бо муваффақият мавриди ҳадаф қарор гирифт.
Farsnews
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: