Ҳамла ба Алҷалил ва Ҷулони ишғолӣ, бо мушак аз ҷануби Лубнон

Ҳамла ба Алҷалил ва Ҷулони ишғолӣ, 60 мушак аз ҷануби Лубнон

Ахбори байналмилал

Alalam

Манобеи саҳюнистӣ аз ҳамлаи мушакии густарда аз ҷануби Лубнон ба манотиқе дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд.

Ба гузориши Алъолам, манобеи исроилӣ аз ҳамлаи мушакии густарда аз ҷануби Лубнон ба минтақаи Алҷалил-ул-улё ва Ҷулони ишғолӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар доданд.

Ин манобеъ хотирнишон карданд, ки ба дунболи ин ҳамла, сомонаҳои падофандӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ фаъол шудааст.

Дар ҳамин ҳол Алҷазира гузориш дод, ки беш аз 60 мушак аз ҷануби Лубнон ба самти минтақаи Алҷалил дар шимоли Фаластини ишғолӣ патоб шудааст.

Пеш аз ин низ расонаҳои арабӣ дар хабаре фаврӣ аз ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии режими саҳюнистӣ дар Ҷулони ишғолӣ аз ҷануби Лубнон хабар дода буданд.

Ҳамчунин Алҷазира гузориш дод, ки мушакҳои раҳгири режими саҳюнистӣ дар ҳарими ҳавоии рустоҳои бахши шарқии ҷануби Лубнон мунфаҷир шудааст.

Аз сӯйи дигар радиои артиши саҳюнистӣ, аз ба садо даромадани ожирҳои хатар дар Кирёт-Шмона ва атрофи он хабар дод.

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамалоти Яман ба киштиҳои Омрико ва Исроил дар уқёнуси Ҳинд
Табодули оташ миёни артишҳои Миср ва Исроил дар марзи Рафаҳ

Матолиби пурбоздид