Ҳамла ба хонаи муовини Трамп дар иёлати Огайо

Ҳамла ба хонаи муовини Трамп дар иёлати Огайо

Ахбори байналмилал

Хонаи Ди Ҷей Вэнс, муовини Доналд Трамп, дар иёлати Огайо мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Бар асоси гузоришҳои расонаӣ, мақомоти амниятӣ як нафарро дар робита ба ин ҳодиса боздошт кардаанд.

Шабакаи Fox News навиштааст, ки ин ҳамла дар шароите рух додааст, ки нигарониҳо дар бораи афзоиши хушунати сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯ ба болост.

Ҷузъиёти бештар дар бораи навъи ҳамла ва ангезаҳои эҳтимолии он то кунун эълон нашудааст.

Мақомоти маҳаллӣ эълом кардаанд, ки таҳқиқот дар ин замина идома дорад ва тадобири амниятӣ дар атрофи манзили ин мақоми сиёсӣ афзоиш ёфтааст.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғулҳои расонаӣ ва ҳикояти Чӯпони дурӯғгӯ
Гузоришҳо аз тирандозӣ дар Каракас ва эҳтимоли кудато

Матолиби пурбоздид