Ҳамос: “Мавзеи Сурия ҳамеша як мавзеи ҳимоятгарона аз миллати Фаластин ва муқовиматаш будааст”
Ахбори байналмилал
Усома Ҳамдон, аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос гуфт: “Мавзеи Сурия, ки ба вузуҳ эълом шудааст, ҳамеша як мавзеи ҳимоятгарона аз миллати Фаластин ва муқовиматаш буда, чӣ дар сатҳи расмӣ ва чӣ дар сатҳи расонаӣ. Аммо ҳама медонанд, дар як даҳаи гузашта чӣ бар сари Сурия омад ва ин иттифоқот таъсири зиёде бар тавони Сурия дошт.”
Вай афзуд: “Мо наметавонем мункири мавзеъҳо ва иқдомҳои Сурия дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз муқовимат ва таҳаммули паёмадҳои он шавем. Дар ин бурҳаи замонӣ, мӯътақидем он чи бар сари Сурия омада шояд иҷозаи нақшофаринӣ монанди гузаштаро ба онҳо надиҳад. Аммо мо аз тариқи тамосҳои мустақим бо бародаронамон дар Сурия фаҳмидем, ки мавзеи воқеии онҳо чист.”
Ҳамдон, дар посухи ин суоли муҷрӣ, ки “оё шумо ахиран бо масъулини Сурия дидор доштаед?” гуфт: “Бале, дидорҳо ва тамосҳое бо бародарон дар Сурия доштаем.”
Ва ба ин пурсиши муҷрӣ, ки “охирин боре, ки ба Сурия рафтаед чӣ замоне будааст?” Ҳамдон ҷавоб дод: “Дар тӯли ин набард, дидор доштаем, вале хуб, ба далели мулоҳизоти амниятӣ, наметавонем ҳеч ҷузъиёте ироа диҳем.”
Усома Ҳамдон ба ин пурсиш, ки оё бо раиси ҷумҳури Сурия дидор доштаед, гуфт: “Дидорҳои мо дар сатҳи раҳбарон буда ва ҷузъиёти дигареро наметавонам зикр кунам ва дар ин дидорҳо дар мавриди ҷузъиёти набард ҳам баҳсу табодули назар сурат гирифт.”
Қаламонлайн