Ҳамос ҳамлаи теруристии Маскавро маҳкум кард
Ахбори байналмилал
Irna
Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) бомдоди шанбе (23 март) дар баёнияе, ҳамлаи теруристии Маскавро, ки даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштро маҳкум кард.
Ба гузориши Ирно ба нақл аз хабаргузории “Шиҳоб” (Фаластин), дар баёнияи ҷунбиши Ҳамос омадааст: “Мо ҳамлаи теруристиро, ки ғайринизомиёнро дар наздикии Маскав, пойтахти Русия ҳадаф қарор дод ва даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштро ба шиддат маҳкум мекунем.”
Ин баёния меафзояд: “Мо самимона ба давлат ва мардуми Русия ва хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамлаи ҷинояткорона таслият мегӯем ва барои маҷрӯҳон орзуи шифои оҷил дорем ва ҳамбастагии комили худро бо Русия, мардуми он ва хонаводаҳои қурбониёни ин фоҷеа эълом мекунем.”
Irna
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: