Ҳамроҳии ширкатҳои аврупоӣ бо Исроил дар қатлу куштори мардуми Ғазза
Ахбори байналмилал
Ҳамдастии ширкати мушакии аврупоии MBDA бо Исроил дар қатли сокинони Ғазза
Рӯзномаи англисии Guardian гузориш додааст, ки ширкати мушакии аврупоӣ MBDA қитъаҳои бомбҳоро ба Исроил фурӯхтааст, ки дар ҳамлаҳое истифода шудаанд, ки боиси кушта шудани ҳадди ақал 100 кӯдак дар Навори Ғазза шудаанд.
Ин рӯзнома таъкид мекунад, ки мушакҳои ин ширкат дар 24 маврид, истифода шуда ва 500 нафар дар Ғазза бар асари онҳо кушта шудаанд.
Қаламонлайн