Ҳассостарин давраи тарбиятии кӯдак

Ҳассостарин давраи тарбиятии кӯдак

Мабоҳиси ахлоқӣ

Бар касе пӯшида нест, ки се соли аавли зиндагии кӯдак, ҳассостарин даврони тарбиятии ӯст.

Дар ин се сол, кӯдакон ниёзи шадиде ба муҳаббат ва ишқи падару модарашон доранд.

Албатта ба гуфтаи мутахассисони тарбият, дар ин се сол, кӯдак бештар ба касе вобастагӣ пайдо мекунад, ки ӯро нигаҳдорӣ мекунад, мумкин аст, дар баъзе маворид, ин фард падари кӯдак бошад, агарчӣ асосан модари кӯдак ин нақшро бар ӯҳда дорад. Манзур касест, ки аз ибтидои таваллуд дар канори кӯдак буда ва аз ӯ нигаҳдорӣ мекунад.

Ин се соли аввал муҳимтарин даврон, ҷиҳати рушди тарбиятии кӯдак нест, балки даврони парваришии ӯст. Парвариши кӯдак то сесолагӣ фақат бар мабнои ишқу муҳаббат аст.

Ҳамин се соли аввал аст, ки шумо метавонед ба кӯдаки худ ин матлабро собит кунед, ки дунё ҷои амнест, дар он ишқ вуҷуд дорад, ё баръакс, бо рафторҳои иштибоҳи худ, ба ӯ талқин кунед, ки дунё ҷои ноамнест ва хубию ишқу муҳаббат дар он ҷое надорад!

Ба ончӣ дар ин ҷо гуфта шуд, диққат намоед, зеро тамоми ҷаҳонбинии кӯдак дар ҳамин се сол ва ба воситаи тарбият ва парвариши саҳеҳи шумо шакл мегирад.

Нақши модар дар тарбияти кӯдак, бештар аз падар аст, албатта ба шарте, ки модар худ дорои шахсият бошад ва низ шахсияти пойдори хонавода бошад.

Чаро ки робитаҳои варосатии падар бо кӯдак пас аз интиқоли нутфа поён мепазирад ва акнун, аз замоне ки кӯдак дар батни модар дар ҳоли рушд аст ва дар тӯли се соли пас аз таваллуд ва махсусан замони ширхорагӣ, кӯдак дар ихтиёри модар аст.

Ҳамчунин дар дигар даврон низ агарчӣ робитаи кӯдак бо падар қатъ нашудааст, аммо асосан модар аст, ки бештари вақти худро барои хӯрок додан, рушди кӯдак, бозӣ бо ӯ, қадам задан бо ӯ, берун бурдани фарзанд ва ғайра мегузаронад, ки ин матлаб нишондиҳандаи нақши модар дар парвариш ва рушди кӯдак дар давраи ҳассоси зиндагии ӯст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳимтарин вазифаи зану шавҳар дар оила
Ҳама чиз олист!!!

Матолиби пурбоздид