Ҳақиқати зуҳд

Ҳақиқати зуҳд

Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо

بسم اللّه الرّحمن الرّحیم

الحمدللّه رب العالمین، بارئ الخلائق أجمعین والصلوة والسلام علی عبد اللّه ورسوله وحبیبه وصفیّه محمّد وآله الطاهرین

وَلَوْ شِئْنا لَرَفَعْناهُ بِها وَلكِنَّهُ أَخْلَدَ إِلَی اَلْأَرْضِ وَاِتَّبَعَ هَواهُ

(Аъроф/176).
Сухани дишаб дар атрофи мавзӯи дунё аз назари дин ва робитаи дин ва дунё буд; дар атрофи ин матлаб буд, ки маънои зуҳд ва тарки дунё аз назари дин чист.
Оё мақсуд даст шустан аз зиндагӣ ва суст шудан дар умури зиндагӣ аст ва ё мақсуд чизи дигар аст? Арз шуд, мақсуд даст шустан ва ё суст шудан нест, балки мақсуд ба кор бурдани як навъ усули хосс дар зиндагӣ мабнӣ бар муқаддам доштани фазилат ва ахлоқ бар матомеъи моддӣ аст.
Имшаб мехоҳам дар атрофи ҳамин матлаб тавзеҳи бештаре бидиҳам.
Мегӯянд, мақсуд аз дунёи мазмум ва мардуд, алоқа ба дунё ва муҳаббат ба дунёст; дунё бад нест, алоқа ва муҳаббат ба дунё бад аст; молу сарват ва мақому қудрат ва зану фарзанд бад нест, алоқа ба инҳо ва муҳаббат ба инҳо бад аст; зеро худи дунё иборат аст аз ин махлуқоти илоҳӣ ба номи замин ва моҳ ва хуршед ва ситора ва ҷамод ва набот ва ҳайвон; иборат аст аз зану фарзанд ва молу сарват ва амсоли инҳо; инҳо ҳама махлуқоти Худо ҳастанд ва Худованд дар Қуръон ба ҳаминҳо қасам мехӯрад; инҳо, ки наметавонад бад бошад, пас он чизе, ки мазмум ва мардуд аст, алоқа ва муҳаббат ба ин умур аст, на худи ин умур ва ҳамон алоқаро бояд тарк кард; маънои ин ки дунёро тарк кунед, яъне алоқа ва муҳаббати дунёро тарк кунед.
Ин баён, баёни хубе аст, аммо бо як тавзеҳе, ки дар зимни ишкол ва ҷавобе арз мекунам. Ишкол ин аст, ки чӣ фарқ мекунад, ки бигӯем, худи дунё бад аст ва бояд онро раҳо кард ва ё он ки бигӯем, алоқа ба дунё ва муҳаббати дунё бад аст? Зеро ҳамон тавре, ки худи мавҷудот ва маводди ин ҷаҳон махлуқи Худо ҳастанд ва аз ин ҷиҳат муқаддасанд ва бидуни ҳикмат ба вуҷуд наомадаанд, ҳамин тавр алоқаҳо ва майлҳо ва ғаризаҳое ҳам, ки дар вуҷуди инсон нисбат ба ин мавҷудот ҳаст, офаридаи Худост ва бидуни ҳикмат нест. Худо майл ва алоқа ба зиндагиро дар сиришти одам гузошта, ҳамон тавре, ки дар сиришти ҳар ҷондоре гузошта. Агар ин майл ва алоқа набуд, ҳеч кас ҳозир набуд ба зиндагии худ идома диҳад ва ҳеч ҳайвоне ба зиндагӣ идома намедод ва аз худ дифоъ намекард. Худо алоқа ба зану фарзандро дар дили одамӣ қарор дода барои он ки насл боқӣ бимонад. Худованд майл ба иззат ва қудратро дар инсон қарор дода ва ҳамчунин майл ба касби илм ва майл ба зебоӣ ва ҳар майли дигар, ки дар инсон ҳаст. Пас ҳамчунон, ки худи мавҷудот ва маводди оламро, ки махлуқоти Худоянд намешавад гуфт бад аст, алоқаҳо ва майлҳое, ки дар инсон нисбат ба ин умур ҳаст, бад нест. Ва ҳамон тавре, ки ҳеч узве аз аъзои инсон ҳатто як мӯ ва як раги бориктар аз мӯ, ҳеч риштае ва ҳеч насҷе дар бадан лағв ва беҳикмат нест ва ҳеч узви зоид дар бадан нест, риштаҳои руҳӣ ва алоқаҳо ва муҳаббатҳои руҳӣ низ ҳамин тавр аст, ҳеч кадом зоид нест, ҳеч майл ва алоқаи зоид дар руҳ нест. Пас тарки дунё ба маънои тарки алоқа ва муҳаббати дунё ҳам ҳамон ишколеро дорад, ки тарки худ дунё дорад. Ин ишкол.
Ва аммо ҷавоб ва тавзеҳ: мақсуд аз ин ки мегӯянд алоқаи дунё ва муҳаббати дунё мазмум аст, он алоқа ва майли фитрӣ нест; он мамдуҳ аст. Дар Қуръони Карим ин алоқаҳо ва муҳаббатҳо ба унвони оят ва нишонаи ҳикмати Худованд зикр шуда:

وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً

(Рум/21).

Аз оятҳои илоҳӣ ин аст, ки барои шумо аз ҷинси худи шумо ҷуфт офарид, то бо онҳо ором бигиред ва шуморо ба якдигар моил ва алоқаманд сохт.
Ба илова, худи анбиё ва авлиё аз ин муҳаббатҳо баҳраманд ва саршор буданд ва ин камоли онҳо буд, на нақси онҳо. Пайғамбари Акрам фарзандони худро дӯст медошт ва ҳам он ҳазрат дар мавриди зан ва атр ва намоз мегуфт:

حُبِّبَ إليَّ من دُنْياكمُ النِّساءُ والطِّيبُ وجُعِلَت قُرَّةُ عَيني في الصَّلاةِ

Дар ин дунё се чизро дӯст медорам: бӯйи хуш ва занон ва равшании чашм дар намоз.

Пас мақсуд, тарки ин алоқаҳо нест. Агар воқеан одаме пайдо шавад, ки ҳеч эҳсосот ва авотифе нисбат ба ҳеч чиз ва ҳеч кас надошта бошад, дӯстоне надошта бошад, баччаҳояш дар назараш мисли бегона, балки мисли чӯбу санг бошанд ва фарз ҳам бикунем фақат аз он ҷиҳат ба онҳо алоқа дошта бошад, ки махлуқе аз махлуқоти Худо ҳастанд, ин комил нест, ноқис аст. Агар Иброҳим, ки ҳозир шуд фарзанди худро қурбонӣ кунад, эҳсосоташ нисбат ба Исмоил мусовӣ буд бо эҳсосоташ бо як гӯсфанд, пас ҳозир шуданаш барои фидо додан, камоле маҳсуб намешавад, мусовӣ буда бо қурбонӣ кардани гӯсфанде. Ва ҳамчунин ҳазрати Сайидушшуҳадо, ки фарзандон ва бародарон ва наздикони худро дар роҳи Худо фидо кард, агар алоқаи хоссе ба онҳо надошт, ин фидокорӣ аҳаммияти зиёде надошт.
Мақсуд ин нест; мақсуд чизи дигаре аст, ки аз худи Қуръони Карим ва ҳамчунин аз калимоти амирулмӯъминин Алӣ алайҳис салом — ки ба муносибати калимоти он ҳазрат вориди ин баҳс шудем — истифода мешавад. Дар сураи Оли Имрон мефармояд:

زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاءِ وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنْطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالْأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ذَلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَاللَّهُ عِنْدَهُ حُسْنُ الْمَآبِ

(Оли Имрон/14).

Дар ин оят чанд чиз аз умуре, ки мавриди алоқаи одамӣ дар дунёст ном бурда шуда: зану фарзанд, пулҳои анбоштаи тилло ва нуқра, аспҳои олӣ, ки мазҳари ҷалол ва ҳишматанд, чаҳорпоён ва кишту заръ. Ва ин оят дар мақоми интиқод ва мазаммат ҳам ҳаст, дунёи мазмум ва мардудро зикр мекунад. Чӣ чизро мазаммат мекунад? Худи ин умурро? Худи зану фарзанд ва сарват ва асп ва зироатро? На. Алоқа ва майл ба ин умурро? Онро ҳам на. Пас чӣ чизро? Дилхуш будан ва саргарм будан ба ин умурро, розӣ ва қонеъ будан ба инҳо ва ғафлат кардан аз моварои инҳоро.

زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ

Ин алоиқ дар назари инҳо ҷилва карда ва онҳоро рабуда ва аз худ бе худ карда, ба инҳо дилхуш ва саргарманд ва дар бораи ғайри ин умур фикр намекунанд, хаёл мекунанд зиндагӣ ҷуз ин чизе нест, дӯст доштане ғайр аз инҳо нест, ҳадди фикр ва сатҳи инҳо ин шуда:

ذَلِكَ مَبْلَغُهُمْ مِنَ الْعِلْمِ

(Наҷм/30).

Дар бораи марди обиде, ки ба хотири манофеи моддӣ, аз итоати Худо сар печид, мефармояд:

وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ الَّذِي آتَيْنَاهُ آيَاتِنَا فَانْسَلَخَ مِنْهَا فَأَتْبَعَهُ الشَّيْطَانُ فَكَانَ مِنَ الْغَاوِينَ

Достони он мард (-ро бар эшон бихон), ки оятҳои худро ба ӯ таълим додем ва ӯ онҳоро аз худ ҷудо сохт ва шайтон ӯро дунбол кард ва ӯ аз гумроҳон шуд.

وَلَوْ شِئْنَا لَرَفَعْنَاهُ بِهَا وَلَكِنَّهُ أَخْلَدَ إِلَى الْأَرْضِ وَاتَّبَعَ هَوَاهُ

(Аъроф/175 ва 176) Агар мо мехостем, ӯро боло мебурдем бо он оёте, ки ба ӯ додем, аммо ӯ худашро ба замин ва табиат часпонд ва чанголҳои худро муҳкам банд кард ва тобеъи ҳавову ҳаваси худ шуд.

Дар сураи Юнус мефармояд:

إِنَّ الَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَاءَنَا وَرَضُوا بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَاطْمَأَنُّوا بِهَا وَالَّذِينَ هُمْ عَنْ آيَاتِنَا غَافِلُونَ. أُولَئِكَ مَأْوَاهُمُ النَّارُ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

(Юнус/7) ва Онҳо, ки умед ва орзуи мулоқоти Ҳақро надоранд ва ба зиндагии дунё розӣ ва қонеъ ва саргарманд ва ба он ором гирифтаанд, онҳо ба воситаи аъмоли мубтанӣ бар он тарзи фикр аҳли оташ мебошанд.
Аз маҷмӯи ин оятҳо ин тавр фаҳмида мешавад, ки он чизе, ки мазмум ва мардуд аст аз назари дин, саргарм шудан ба ин умур ва ғофил мондан аз Худо ва охират аст, ихлод ва худро ба табиат бастан ва часпидан аст, розӣ ва қонеъ шудан ва ором гирифтан ва иктифо кардан аст. Пас ин ки мегӯянд: дунёи мазмум муҳаббат ва алоқа ба дунёст, дуруст аст, аммо ба ин маъно; ба маънои дилхуш шудан ва қонеъ шудан ва иктифо кардан ва бозмондан аз моварои ин алоиқ. Таваққуф бар дунё мазмум аст, пойин будани сатҳи фикр мазмум аст, ин ҷиҳат мазмум аст, ки Алӣ алайҳис салом фармуд:

وَإِنَّمَا الدُّنْیا مُنْتَهی بَصَرِ الْاَعْمی

Дунё ҳадди ниҳоии шуои диди одами кӯр аст.
Пас чӣ чиз бад аст? Кӯрӣ, нуфуз накардани шуои дид аз ҳиҷоби табиат ба болотар, маҳдуд будани фикр ба моддиёт. Қуръони Карим мефармояд:

فَأَعْرِضْ عَنْ مَنْ تَوَلَّى عَنْ ذِكْرِنَا وَلَمْ يُرِدْ إِلَّا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا. ذَلِكَ مَبْلَغُهُمْ مِنَ الْعِلْمِ

(Наҷм/29 ва 30) Рӯятро баргардон аз он кас, ки аз зикри мо рӯ баргардондааст ва ҷуз ҳамин зиндагии дунё ғараз ва ҳадафе надорад. Инҳо ҳадди илм ва сатҳи фикрашон ҳамин аст, сатҳи фикрашон пойин аст.
Алоқа ба умури дунё, алоқа ба зану фарзанд ва молу сарват ва ҷоҳу қудрат суннат ва фитрати илоҳӣ аст, василаи гардиш ва чархиши зиндагонии ин ҷаҳон аст. Агар ин алоиқ гирифта шавад аз башар, иҷтимоъи инсонӣ мехобад, дигар на барои зиндагонии дунё заминае боқӣ мемонад ва на барои зиндагии охират. Ҳаракати зиндагӣ ва камоли зиндагӣ ва ҳаёти одамӣ мутаваққиф бар он алоиқ аст. Ва аммо саргарм шудан ба он алоиқ ва ризоят ва қаноат ва иктифо кардан ба онҳо, на танҳо мӯҷиби пешрафт ва тараққӣ нест, мӯҷиби музоҳимат аст, мӯҷиби рукуд ва таваққуф аст. Башаре, ки ҷуз ин алоиқ чизеро намешиносад ва воқиф шудааст бар инҳо, ҳайвоне беш нест. Пас зоҳид ва торики дунё кист? Он касе аст, ки дунёро ба ҳасби руҳ ва мақомоти руҳии худ тай карда ва ба охират расидааст.
Гузашта аз ин ки (саргарм шудан ба алоиқи дунявӣ мӯҷиби) рукуд ва таваққуф ва сукун аст, мӯҷиби харобии худи ҳамин зиндагӣ аст. Оё гумон мекунед ҳирс ҳам метавонад дунёро идора кунад? Оё тамаъ қодир аст дунёро ба хубӣ бичархонад? Оё хашм ва шаҳват қодир аст ба ҷаҳон назм бидиҳад? Оё шикампарастӣ ва занпарастӣ ва пулпарастӣ ва ҷоҳпарастӣ — ки ҳамаи инҳо таъбироте аст аз дилхуш будан ва қонеъ будан ба зиндагии дунё ва тамаркузи тамоюлот ва майлҳо дар ин чизҳо — оё инҳо қодиранд ба башар саодат бидиҳанд? Башар вақте зиндагии дунёро хуб идора мекунад ва мадинааш мадинаи фозила мешавад, ки ғулом ва абди дунё набошад. Агар асири алоиқи дунё набуд, ночор он мавҷудотро мусаххари худ ва тобеъи худ қарор медиҳад ва агар банда шуд ва тавқи убудият ба гардан андохт, то ӯ зинда аст, тобеъи амвоҷи дарёи хурӯшони табиат аст.
Ҳамаи пастиҳои ахлоқӣ аз дурӯғ ва риё ва тамаллуқ ва зулм, ношӣ аз дунёпарастӣ аст ва ҳамаи фазоили олияи инсонӣ маълули беэътиноӣ ва зуҳд ва адами қаноат ба зиндагонии дунёст. Одами дунёпараст ва моддӣ наметавонад шуҷоъ бошад ва гузашт дошта бошад, наметавонад иффат дошта бошад, наметавонад ҳуррият ва озодагӣ дошта бошад. Зоҳид ба маънои саҳеҳи калима, на ба маънои як шахси заъифи манфӣ, ки дар дуни дараҷаи дунёпарастон зиндагӣ мекунад ва аҳёнан резахӯри хони онҳо ва туфайлии онҳост, балки ба маънои марде фавқи дараҷаи дунёпарастон аст. Касе, ки ҳадди илм ва сатҳи фикраш болотар аз инҳост, аз фироқи дунё наметарсад, аз каму беш шудани дунё бок надорад, шуҷоъ ва боҷуръат мешавад, ҳуррият ва озодагӣ пайдо мекунад, иффат ва тақво пайдо мекунад, гузашт ва фидокорӣ пайдо мекунад.
Фидокорони ҷаҳон хоссияти аввали руҳиашон ин буд, ки зоҳид ба маънои саҳеҳи калима буданд. Худи шахси муқаддаси амирулмӯъминин Алӣ алайҳис салом, ки маҷмӯае аз фазоили башарӣ буд, адолат ва тақво ва шуҷоат ва ҳуррият ва сахо ва карам ва вафо ва мурувват, ҳамаро ҷамъ карда буд чун дар (ниҳояти) дараҷа беэътино ба дунё буд, яъне худашро ва шарофат ва каромати нафси худро аз дунё ва мофиҳо болотар медонист. Дар васият ба Имом Ҳасан мефармояд:

وَأَكْرِمْ نفْسَكَ عَنْ كُلِّ دَنِیَّةٍ وَإِنْ ساقَتْكَ اِلَی الرَّغائِبِ فَإِنَّكَ لَنْ تَعْتاضَ بِما تَبْذُلُ مِنْ نَفْسِكَ عِوَضاً، وَلا تَكُنْ عَبْدَ غَیْرِكَ وَقَدْ جَعَلَكَ اللّهُ حُرّاً، وَما خَیْرُ خَیْرٍ لا یُنالُ اِلاّ بِشَرٍّ

Худатро аз корҳои паст мӯҳтарамтар ва болотар бишумор, эҳсоси шарофат ва бузургвориро дар худат ҳамеша зинда нигаҳ дор; матомеъ мумкин аст ба ту чашмак бизананд, вале ту эътино накун, ки агар худатро фурӯхтӣ ва шахсияти ахлоқӣ ва руҳии худро аз даст додӣ, чизе ҷойи ӯро пур нахоҳад кард. Тамоми дунё як тараф ва шарофати руҳӣ ва каромати ақлӣ ва маънавӣ як тараф, ӯ бо ин баробар намешавад. Худро бандаи ғайр насоз, ки Худованд туро озод офарида. Он манфиате, ки аз роҳи зишткорӣ ба даст биёяд, фоида надорад.
Айзан Алӣ алайҳис салом мефармояд:

الدُّنْیا دارُ مَمَرٍّ لا دارُ مَقَرٍّ، وَالنّاسُ فیها رَجُلانِ: رَجُلٌ باعَ فیها نَفْسَهُ فَأَوْبَقَها وَرَجُلٌ ابْتاعَ نَفْسَهُ فَأَعْتَقَها

Мефармояд: дунё ба ҳар ҳол гузаштангоҳ аст ва касе ҷовидон дар ӯ боқӣ намемонад, лек мардум дар ин бозори дунё, ки меоянд ва убур мекунанд, ду дастаанд: як даста дар ин бозор худро мефурӯшанд ва асир ва маҳбус мекунанд ва як дастаи дигар худро мехаранд ва озод месозанд. Як даста аз ин дунё мераванд дар ҳоле, ки ҳазор қайди бандагӣ дар гардан доранд ва як даста мераванд дар ҳоле, ки бандаи ҳеч кас ҷуз Худованд нестанд, на бандаи зарранд ва на бандаи сим ва на бандаи шаҳватанд ва на бандаи ғазаб, на бандаи ҷоҳанд ва на бандаи мол, озод ва озодаанд. Ҳақиқати зуҳд ҳамин аст.

Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамос: “Ҷиноёти Исроил оғозе бар поёни низомӣ ва сиёсии ин режим аст”
Сохтори сиёсии матлуб дар назди Ибни Сино

Матолиби пурбоздид