Ҳеч тоҷике ин амали террористиро анҷом надодааст!

Таҳлили хабарӣ

Ҳеч тоҷике ин амали террористиро анҷом надодааст!

Ёддошти Устод Зафари Суфӣ перомуни ҳодисаи террористии Маскав

Ман комилан бовар дорам, ки ҳеч тоҷике ин амали терористӣ дар маркази Крокус ситиро анҷом надодааст!

Ун чаҳор тане, ки гӯё дар ҷангал боздошт шудаанд ва бар асоси қонуни ҷангал “бозпурсӣ” шудаву “иқрор ба гуноҳ карданд” ҳеч гуноҳе ҷуз камсаводӣ ва бепушту паноҳӣ надоштанду надоранд. Гӯши одамро буридану иқрор гирифтан аз кай боз далели маҳкамаписанд шуда?

Ё ба сари як ҷавоне бо либоси тунук (футболка) як гуруҳи саропо мусаллаҳ ҳуҷум овардану латукӯб кардан ва хостан, ки ба гуноҳ иқрор кунад, тибқи кадом меъёри қонун ва ахлоқ аст ва оё дар кадом додгоҳе онро ба унвони далел мепазиранд?

Ҳеч кадоми он чор нафар муҳоҷири корӣ шояд тамоми умраш як тир аз автомати калашников напаррондааст.

Хоҳишан бо содалавҳӣ ва талоши худро инсондӯсту меҳрубон нишон додан, миллатро гунаҳкор муаррифӣ накунем ва барои гуноҳи дигарон узрхоҳӣ накунем!

Мо ҳама гуна амали терористиро маҳкум мекунем. Аз ҳама терорист безорем! Ба ҳама қурбониёни амалҳои терористӣ изҳори ҳамдардӣ мекунем. Аммо ба ҳеч ваҷҳ набояд узрхоҳӣ кард. Агар ҳатто як тоҷик ё тоҷикистонӣ амали терористӣ анҷом диҳад ҳам, ба ҳеч ваҷҳ дигар тоҷику тоҷикистонӣ набояд эҳсоси гунаҳкорӣ дошта бошад. Магар ун терорист бо ману шумо машварат карда буд, ки эҳсоси гуноҳ кунем? Ун душмани ману шумост, албатта аввал бояд гуноҳаш бо далелҳои воқеӣ ва маҳкамаписанд собит шавад.

Лутфан худатонро кам набинед ва ба таҳқири ҳар нохалафу кавдане хомӯшу бетараф набошед. Шумо ҳеч кори хато ва ҳеч гуноҳе накардаед!

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳукумат танҳо муқассири моҷарост? Наҳзат чӣ?
Мизбонии Туркия аз 4,3 миллион гардишгар дар ду моҳ

Матолиби пурбоздид