Ҳизбуллоҳ хитоб ба саҳюнистҳо: “Ҳар чи сареътар шаҳракҳоро холӣ кунед”
Ахбори байналмилал
Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон бо интишори паёми тасвирӣ, хитоб ба шаҳракнишинони исроилӣ таъкид кард, ки бояд ҳар чи сареътар ин шаҳракҳоро холӣ кунанд.
Ба гузориши Алъолам
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин баёнияи тасвирӣ хитоб ба шаҳракнишинони саҳюнистӣ эълом кард, ки шаҳракҳои шумо ба макони истиқрори низомиёне табдил шудааст, ки ба Лубнон ҳамла мекунанд ва бар ин асос ин шаҳракҳо ба аҳдофи нерӯи ҳавоӣ ва мушакии муқовамати исломӣ табдил шудаанд.
Дар ин баёния ба сокинони 25 шаҳраки саҳюнистнишин ҳушдор дода шуда ва аз онҳо хоста шудааст, ки ҳар чи сареътар ин манотиқро тарк кунанд.
Қаламонлайн