Ҳикояти доно ва нодон

Адаб

Ҳикояти доно ва нодон

Мактаби андеша

Саъдӣ дар ҳикояте дар “Гулистон” овардааст:

Тӯтиеро бо зоғе дар қафас карданд ва (тӯтӣ) аз қубҳи (зиштии) мушоҳидаи ӯ муҷоҳида (ранҷ) мебурду мегуфт:

— Ин чӣ талъати (чеҳраи) макрӯҳ (нописанд) асту ҳайати мамқут (нафратангез) ва манзари малъуну шамоили номавзун?

یا غُرابَ البَینِ یا لَیتَ بَینی وبَیْنَکَ بُعدَ المَشرِقَینِ

(Тарҷума: Эй зоғи шум! Кош фосила миёни ману ту мисли фосилаи шарқ то ғарб буд).

Алассабоҳ ба рӯйи ту ҳар кӣ бархезад,

Сабоҳи рӯзи саломат бар ӯ масо бошад.

Бадахтаре чу ту дар сӯҳбати ту боястӣ,

Вале чунин, ки туӣ, дар ҷаҳон куҷо бошад?

(Масо: бегоҳӣ)

Аҷабтар он, ки ғуроб (зоғ) аз муҷоварати (ҳамсоягии) тӯтӣ ҳам ба ҷон омада буду малул шуда, лоҳавлкунон аз гардиши гетӣ ҳаменолид ва дастҳои тағобун бар якдигар ҳамемолид, ки ин чӣ бахти нигун асту толеи дун ва айёми бӯқаламун? Лоиқи қадри ман он астӣ, ки бо зоғе ба девори боғе — бар хиромон ҳамерафтаме!

Порсоро бас ин қадар зиндон,

Ки бувад ҳамтавилаи риндон.

Бале, то чӣ гунаҳ кардам, ки рӯзгорам ба уқубати он дар силки сӯҳбати чунин аблаҳи худрой, ноҷинси хирадарой ба чунин банди бало мубтало гардонидааст?!

Кас наёяд ба пойи деворе,

Ки бар он суратат нигор кунанд.

Гар туро дар биҳишт бошад ҷой,

Дигарон дӯзах ихтиёр кунанд.

Ин зарбулмасал бад-он овардам, то бидонӣ, ки садчандон, ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат, бал бештар:

Зоҳиде дар самои риндон буд,

З-он миён гуфт шоҳиде балхӣ:

“Гар малулӣ зи мо, туруш манишин,

Ки ту ҳам дар миёни мо талхӣ!”

* * *

Ҷамъе чу гулу лола ба ҳам пайваста,

Ту ҳезуми хушк дар миёнӣ руста.

Чун бод мухолифу чу сармо нохуш,

Чун барф нишастаию чун ях баста.

(Саъдӣ, Гулистон)

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳасодат навъе беморист
Дузди муриди Шайх

Матолиби пурбоздид