Ҳикояти марди кафшдӯз
Рӯзе кафшдӯзе дар ҳоли таъмири кафш буд, ки ногаҳон сӯзан ба ангушташ халид. Аз шиддати дард фарёд зад ва сӯзанро дур партофт.
Ҳакиме аз онҷо мегузашт ва моҷароро диду сузанро ба кафшдӯз дод ва ин байтро қироат намуд:
Дарахте, ки пайваста бораш хӯрӣ,
Таҳаммул кун он гаҳ, ки хораш хӯрӣ.
Ин сӯзан манбаи даромади туст ва он ҳама фоидаро ба василаи ин сӯзан касб кардаӣ. Пас гоҳо, ки аз он дарде дидӣ, раҳояш мекунӣ?
***
Вақте аз касе ранҷидем, хубиҳои он шахсро нисбати худ ба ёд оварем; он вақт таҳаммули ранҷ осон хоҳад шуд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: