Ҳикоят
Наузу Биллоҳ
Яке аз хулафои аббосӣ, ки бисёр золиму ситамгар буд, ба яке аз надимони хеш гуфт:
— Барои ман лақабе пайдо кун, ки пасванди он исми “Аллоҳ” бошад мисли аҷдодам аз қабили “Алмуътасим Биллоҳ”.
Он надим пас аз лаҳзае гуфт:
— Ҳеч лақабе барои шумо муносибтар аз “Наузу Биллоҳ” нест.
Қаламонлайн