Ҳисси ғазалсароӣ ва ишқи инсонӣ

Ҳисси ғазалсароӣ ва ишқи инсонӣ

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Ҳеч фикр кардаед, ки ҳисси “тағаззул” дар башар чӣ ҳиссе аст? Қисмате аз адабиёти ҷаҳон ишқ ва ғазал аст. Дар ин бахш аз адабиёт, мард, маҳбуб ва маъшуқи худро ситоиш мекунад, ба пешгоҳи ӯ ниёз мебарад, ӯро бузург ва худро кучак ҷилва медиҳад, худро ниёзманди кучактарин инояти ӯ медонад, муддаӣ мешавад, ки маҳбуб ва маъшуқ “сад мулки ҷон ба нимназар метавонад бихарад, пас чаро дар ин муомила тақсир мекунад”, аз фироқи ӯ дардмандона менолад.

Ин чист? Чаро башар дар мавриди соири ниёзҳои худ чунин намекунад? Оё то кунун дидаед, ки як одами пулпараст барои пул, як одами ҷоҳпараст барои ҷоҳу мақом ғазалсароӣ кунад?! Оё то кунун касе барои нон ғазалсароӣ кардааст? Чаро ҳар касе аз шеъру ғазали дигаре хушаш меояд? Чаро ҳама аз Девони Ҳофиз ин қадар лаззат мебаранд? Оё ҷуз ин аст, ки ҳама кас онро бо забони як ғаризаи амиқ, ки саропои вуҷудашро гирифтааст мунтабиқ мебинад? Чӣ қадар иштибоҳ мекунанд касоне, ки мегӯянд, ягона омили асосии фаъолиятҳои башар омили иқтисод аст!

Башар барои ишқҳои ҷинсии худ мусиқии хоссе дорад, ҳамчунон ки барои маънавиёт низ мусиқии хос дорад, дар сурате, ки барои ҳоҷатҳои сирфан моддӣ аз қабили обу нон мусиқӣ надорад.

Ман намехоҳам иддао кунам, ки тамоми ишқҳо ҷинсӣ аст ва ҳам ҳаргиз намегӯям, ки Ҳофиз ва Саъдӣ ва соири ғазалсароён сирфан аз забони ғаризаи ҷинсӣ сухан гуфтаанд. Ин мабҳас, мабҳаси дигарест, ки ҷудогона бояд баҳс шавад.

Вале қадри мусаллам ин аст, ки бисёре аз ишқҳо ва ғазалҳо ишқ ва ғазалҳоест, ки мард барои зан доштааст. Ҳамин қадр кофист, ки бидонем таваҷҷӯҳи мард ба зан аз навъи таваҷҷӯҳ ба нону об нест, ки бо сер шудани шикам иқноъ шавад, балки ё ба сурати ҳирсу оз ва танаввӯъпарастӣ дармеояд ва ё ба сурати ишқу ғазал. Мо баъдан дар ин бора баҳс хоҳем кард, ки дар чӣ шароите ҳолати ҳирсу ози ҷинсӣ тақвият мешавад ва дар чӣ шароите шакли ишқу ғазал пайдо мекунад ва ранги маънавӣ ба худ мегирад.

Ба ҳар ҳол ислом ба қудрати шигарфи ин ғаризаи оташин таваҷҷӯҳи комил кардааст.

Ривоятҳои зиёде дар бораи хатарнок будани “нигоҳ”, хатарнок будани хилват бо зан ва билохира хатарнок будани ғаризае, ки марду занро ба якдигар пайванд медиҳад ворид шудааст.

Ислом тадобире барои таъдил ва ром кардани ин ғариза андешидааст ва дар ин замина, ҳам барои занон ва ҳам барои мардон таклиф муайян кардааст. Як вазифаи муштарак, ки барои зану мард ҳар ду муқаррар фармуда, марбут ба нигоҳ кардан аст:

قُلْ لِلْمُؤْمِنِینَ یَغُضُّوا مِنْ أَبْصارِهِمْ وَیَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ

وَقُلْ لِلْمُؤْمِناتِ یَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصارِهِنَّ وَیَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ

Хулосаи ин дастур ин аст, ки зану мард набояд ба якдигар хира шаванд, набояд чашмчаронӣ кунанд, набояд нигоҳҳои мамлув аз шаҳват ба якдигар бидӯзанд, набояд ба қасди лаззат бурдан ба якдигар нигоҳ кунанд. Як вазифа ҳам хосси занон муқаррар фармудааст. Ва он ин аст, ки: бадани худро аз мардони бегона пӯшида доранд ва дар иҷтимоъ ба ҷилвагарӣ ва дилрубоӣ напардозанд, ба ҳеч ваҷҳ ва ҳеч сурат ва бо ҳеч шаклу ранг ва баҳонае коре накунанд, ки мӯҷиботи таҳрики мардони бегонаро фароҳам кунанд.

Руҳи башар фавқулъода таҳрикпазир аст. Иштибоҳ аст, ки гумон кунем таҳрикпазирии руҳи башар маҳдуд ба ҳадди хоссе аст ва аз он пас ором мегирад.

Ҳамон тавр, ки башар — аъамм аз марду зан — дар ноҳияи сарват ва мақом аз тасоҳуби сарват ва аз тамаллуки ҷоҳу мақом сер намешавад ва ишбоъ намегардад, дар ноҳияи ҷинсӣ низ чунин аст.

Ҳеч марде аз тасоҳуби зеборӯён ва ҳеч зане аз мутаваҷҷеҳ кардани мардон ва тасоҳуби қалби онон ва билохира ҳеч диле аз ҳавас сер намешавад.

Ва аз тарафе тақозои номаҳдуд хоҳ нохоҳ анҷомношуданӣ аст ва ҳамеша мақрун аст ба навъе эҳсоси маҳрумият. Даст наёфтан ба орзуҳо ба навбаи худ мунҷар ба ихтилолоти руҳӣ ва бемориҳои равонӣ мегардад.

Чаро дар дунёи ғарб ин ҳама бемории равонӣ зиёд шудааст? Иллаташ озодии ахлоқи ҷинсӣ ва таҳрикоти фаровони сексӣ аст, ки ба василаи ҷароид ва маҷаллот ва синамоҳо ва театрҳо ва маҳофил ва маҷолиси расмӣ ва ғайрирасмӣ ва ҳатто хиёбонҳо ва кӯчаҳо анҷом мешавад.

Аммо иллати ин ки дар ислом дастури пӯшиш ихтисос ба занон ёфтааст ин аст, ки майл ба худнамоӣ ва худороӣ махсуси занон аст. Аз назари тасоҳуби қалбҳо ва дилҳо, мард шикор аст ва зан шикорчӣ, ҳамчунон ки аз назари тасоҳуби ҷисму тан, зан шикор аст ва мард шикорчӣ. Майли зан ба худороӣ аз ин навъ ҳисси шикорчигарии ӯ ношӣ мешавад.

Дар ҳеч ҷойи дунё собиқа надорад, ки мардон либосҳои баданнамо ва ороишҳои таҳриккунанда ба кор баранд. Ин зан аст, ки ба ҳукми табиати хосси худ мехоҳад дилбарӣ кунад ва мардро дилбохта ва дар доми алоқаи ба худ асир созад. Аз ин рӯ инҳирофи табарруҷ ва бараҳнагӣ аз инҳирофҳои махсуси занон аст ва дастури пӯшиши ҳам барои онон муқаррар гардидааст.

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пизишкиён: “Ба ҳама дасти дӯстӣ хоҳем дод!”
Эҳтимоли сафари расмии Башшор Асад ба Туркия

Матолиби пурбоздид