ҲНИТ чаро НИТ шуд?

Таҳлили хабарӣ

ҲНИТ чаро НИТ шуд?

Ёддошти Шавкати Муҳаммад

Тасмими гузариши Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз қолаби ҳизби сиёсӣ ба шакли васеътар ва фарогиртари «Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ҳамчун як ҳаракати сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар муҳоҷиратро наметавон танҳо ҳамчун тағйири ном ё шакли ташкилӣ арзёбӣ кард. Ин тасмим, дар асл, таҷассуми як мутобиқшавии ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва механизми фаъолият ба воқеиятҳои нави мавҷуда мебошад, ки дар натиҷаи аз байн рафтани фазои рақобати сиёсӣ дар Тоҷикистон ва маҳрум гардидани як неруи сиёсӣ аз имкони фаъолияти қонунӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд омадааст. Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, чунин гузариш на танҳо қобили қабул, балки дар бисёр мавридҳо роҳи мантиқии идомаи фаъолияти сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар шароити муҳоҷират ба ҳисоб меравад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти расмии худ яке аз муҳимтарин иштироккунандагони раванди сиёсӣ дар Тоҷикистон буд. Ин ҳизб на ҳамчун як созмони пинҳонӣ ё гурӯҳи ғайриқонунӣ, балки ҳамчун субъекти расмии сиёсӣ, ки дар доираи Конститутсия ва қонунгузории кишвар фаъолият мекард, шинохта мешуд. ҲНИТ дар интихоботҳо иштирок мекард, намояндагон дар парлумон дошт ва пас аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба яке аз намунаҳои нодири воридшавии неруи мухолиф ба низоми сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ табдил ёфта буд. Маҳз ҳамин собиқаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ нишон медиҳад, ки сухан дар бораи созмоне меравад, ки таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ-ислоҳотхоҳӣ ва ҳамчунин таҷрибаи қонунии сиёсиро дар гузашта доштааст ва аз механизму арзишҳои муборизаи сиёсии осоишта истифода кардааст.

Дар чунин вазъият, вақте фаъолияти як ҳизби расман бақайдгирифташуда бо қарорҳои дохилӣ қатъ мегардад ва тамоми роҳҳои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ баста мешаванд, масъала дигар танҳо масъалаи бақои як ҳизб нест, балки масъалаи амалисозии ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандон мебошад. Ҳуқуқи байналмилалӣ на шакли ташкилот, балки моҳияти ҳуқуқи инсонро ҳимоя мекунад. Дар ҳеҷ санади байналмилалӣ гуфта нашудааст, ки ҳуқуқи муттаҳидшавӣ танҳо ба шакли ҳизби сиёсӣ ва ё маҳз номи он маҳдуд мебошад. Баръакс, ҳуқуқи таъсиси ассотсиатсияҳо, ҳаракатҳо, ташкилотҳо, шабакаҳо ва дигар шаклҳои муттаҳидшавӣ ҳамчун як ҳуқуқи фитрии инсон эътироф шудааст. Аз ҳамин ҷиҳат, агар як гурӯҳи сиёсӣ ба хулоса ояд, ки дар шароити нави муҳоҷират формати ҳаракат нисбат ба формати ҳизб муассиртар ва мутобиқтар аст, ин интихоби ташкилӣ дар доираи озодии иттиҳодияҳо қарор мегирад ва аз ҳимояи меъёрҳои байналмилалӣ бархурдор аст.

Дар айни замон, барои дарки дурусти ин тасмим бояд ба омилҳои таърихӣ ва иҷтимоие низ таваҷҷуҳ кард, ки дар тӯли даҳ соли муҳоҷират чунин тағйиротро ба таъхир андохта буданд. Яке аз ин омилҳо ба вазъияти ҳуқуқии ҳазорон нафар аз аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ вобаста буд, ки пас аз таҳаввулоти сиёсӣ маҷбур шуданд Тоҷикистонро тарк намуда, дар кишварҳои гуногун паноҳ ҷӯянд. Дар солҳои аввали муҳоҷират масъалаи асосии бисёре аз онҳо ба даст овардани ҳифзи байналмилалӣ ва исботи воқеияти таъқибҳои сиёсӣ буд. Дар чунин шароит, мавҷудияти ҳувияти сиёсии қаблан шинохташуда ва иртиботи онҳо бо як ҳизби расман фаъолияткарда барои шарҳи воқеияти таъқиб ва вазъи онҳо аҳамияти ҷиддӣ дошт. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани қолаби пешинаи ташкилотӣ барои бисёре аз муҳоҷирон на танҳо як масъалаи сиёсӣ, балки ҳамзамон як масъалаи марбут ба суботи ҳуқуқӣ ва муайян будани ҳувияти сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Бо гузашти солҳо ва пас аз он ки қисми зиёди муҳоҷирон мақоми ҳуқуқии худро дар кишварҳои мизбон соҳиб шуданд, ин зарурат тадриҷан аҳамияти пешинаи худро аз даст дод ва имкони бознигарӣ дар шакли фаъолияти фаротар аз қолаби ҳизбӣ бештар гардид.

Омили дигар ба хусусиятҳои табиии рушди ҳар як ҷомеаи сиёсӣ вобаста аст. Ҳар ташкилоте, ки таърихи тӯлонӣ ва нақши таъсиргузор дар ҳаёти сиёсӣ дорад, на танҳо сохтор, балки фарҳанги сиёсӣ, хотираи таърихӣ ва эҳсоси ҳувияти муштараки худро низ ба вуҷуд меорад. Барои бисёре аз фаъолон, аъзо ва ҷонибдорон номи ҲНИТ танҳо номи як ташкилот набуд, балки рамзи як давраи мубориза, қурбонӣ, музокироти сулҳ ва иштироки қонунӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар маҳсуб мешуд. Аз ҳамин сабаб, дар солҳои аввал қисми муайяни ҷонибдорон ҳанӯз ба эҳтимоли тағйир ёфтани вазъияти сиёсӣ ва боз шудани фазои фаъолияти ҳизбӣ дар дохили кишвар умед мебастанд. Дар чунин шароит нигоҳ доштани шакли классикии ҳизбӣ барои бисёре аз онҳо интихоби табиӣ менамуд. Бо гузашти вақт, таҷрибаи муҳоҷират, тағйир ёфтани воқеиятҳои сиёсӣ ва дарки амиқтари шароити нав тадриҷан ба ташаккули фаҳмиши нав мусоидат кард, ки ҳифзи арзишҳо ҳатман ба маънои ҳифзи ҳамон шакли ташкилӣ нест. Арзишҳо, ҳадафҳо ва мероси сиёсӣ метавонанд ҳифз шаванд, дар ҳоле ки сохтор ва механизми фаъолият мутобиқи талаботи замон тағйир меёбанд. Аз ин рӯ, гузариш ба формати ҳаракатро метавон натиҷаи як раванди табиии пухтагии сиёсӣ ва мутобиқкунии усули фаъолият ба воқеиятҳои нав арзёбӣ кард.

Дар воқеияти сиёсии муосир ҳизбҳо одатан барои иштирок дар интихобот, ташкили ҳукумат ва намояндагӣ дар сохторҳои давлатӣ таъсис дода мешаванд. Вақте чунин имкониятҳо вуҷуд надоранд ва фаъолияти сиёсӣ аз дохили кишвар ба хориҷ интиқол меёбад, табиист, ки вазифаҳои классикии ҳизбӣ низ тағйир меёбанд. Дар чунин шароит ҳаракатҳо бештар ба марказҳои ҳамоҳангсозии афкор, ҳимояи ҳуқуқ, намояндагии манфиатҳои ҷомеа ва муттаҳидсозии шаҳрвандон барои миллатсозӣ ва ҳамоҳангсозии қишрҳои гуногуни ҷомеа табдил меёбанд. Ҷойи рақобату алайҳи ҳам тохтанҳоро идеяҳои бузургтар ва фаротар мегирад.

Маҳз ҳамин воқеият сабаб шудааст, ки бисёр неруҳои сиёсӣ дар ҷаҳон пас аз муҳоҷират ё саркӯби дохилӣ аз қолабҳои маҳдуди ҳизбӣ ба сохторҳои фарогиртари ҳаракатӣ гузаштаанд. Ин гузариш дар илми сиёсат ҳамчун нишонаи заъф не, балки ҳамчун мутобиқкунии механизми фаъолият ба шароити нав арзёбӣ мешавад.

Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, меъёри асосӣ ин аст, ки фаъолияти як ҳаракат сулҳомез бошад, ба хушунат даъват накунад, ҳуқуқи дигаронро поймол насозад ва дар доираи қонунҳои кишвари мизбон анҷом ёбад. Дар давлатҳои демократӣ ҳимояи озодии баён, озодии ҷамъомад ва озодии иттиҳодияҳо маҳз барои он пешбинӣ шудааст, ки шахсон ва гурӯҳҳо битавонанд ҳатто дар бораи вазъи сиёсии кишварҳои дигар фаъолият кунанд, назар пешниҳод намоянд, ҷомеаро сафарбар созанд ва барои ислоҳоти сиёсӣ талош варзанд. Аз ин рӯ, фаъолият барои ояндаи Тоҷикистон аз қаламрави Австрия, Олмон, Литва, Лаҳистон ва ё Фаронса ва дигар кишварҳои демократӣ худ аз худ ба ҳеҷ меъёри байналмилалӣ мухолиф нест, балки истифодаи мустақими ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои байналмилалӣ кафолат додаанд.

Гузариш ба формати ҳаракат ҳамчунин масъалаи фарогирии иҷтимоӣ ва сиёсиро ҳал мекунад. Ҳизб табиатан дорои узвият, сохтори дохилӣ ва маҳдудиятҳои муайян мебошад. Аммо ҳаракат метавонад афродеро муттаҳид намояд, ки ба ҳар сабаб намехоҳанд узви ҳизби сиёсӣ бошанд, вале мехоҳанд дар фаъолияти ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ё сиёсӣ саҳм гузоранд. Дар шароити муҳоҷират ин масъала аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро мубориза барои арзишҳои демократӣ дигар танҳо ба аъзои собиқи як ҳизб маҳдуд намемонад, балки метавонад тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеаро фаро гирад. Ба ҳамин хотир, формати ҳаракат имконияти бештар барои ташкили ҳамкориҳои байниҷамъиятӣ, ҳамоҳангсозии неруҳои гуногун ва эҷоди платформаи васеътари миллӣ фароҳам меорад.

Дар амалияи байналмилалӣ ҳамкории давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бештар ба арзишҳо ва усулҳои фаъолият нигаронида шудааст, на ба номгузории ташкилотҳо. Агар як сохтор ба усулҳои демократӣ, плюрализми сиёсӣ, ҳуқуқи инсон ва муборизаи осоишта пойбанд бошад, он метавонад бо ниҳодҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва марказҳои таҳлилӣ робитаҳои қонунӣ ва муассир барқарор намояд. Аз ин нуқтаи назар, ҳаракати «Наҳзати Исломии Тоҷикистон» метавонад мероси сиёсии ҲНИТ-ро нигоҳ дошта, ҳамзамон фаъолияти худро ба доираҳои васеътар мутобиқ созад ва дар муҳити байналмилалӣ ҳамчун як субъекти сиёсӣ ва ҷамъиятии фарогиртар амал намояд.

Аз ин рӯ, агар масъала аз дидгоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, назарияҳо ва таҷрибаи ҷаҳонии ҳаракатҳои сиёсӣ дар муҳоҷират арзёбӣ шавад, гузариш аз формати ҳизбӣ ба формати ҳаракатро метавон ҳамчун як иқдоми мутобиқ ба воқеияти сиёсии мавҷуда, мутобиқ ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва мутобиқ ба талаботи фаъолияти сиёсии осоишта дар муҳоҷират арзёбӣ кард. Ин гузариш на рад кардани таҷрибаи ҳизбӣ, балки идомаи ҳамон фаъолияти сиёсӣ дар шакле мебошад, ки ба шароити нави ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бештар ҷавобгӯ буда, имкониятҳои васеътари намояндагӣ, ҳамгироӣ ва фаъолияти ҷамъиятиро фароҳам меорад. Дар ин маъно, «Наҳзати Исломии Тоҷикистон» метавонад ҳамчун марҳилаи нави такомули ҳамон ҷараёни сиёсӣ фаҳмида шавад, ки мехоҳад мероси таърихии худро ҳифз намуда, ҳамзамон ба талаботи воқеиятҳои нави замони имрӯз мутобиқ гардад.

Шавкати Муҳаммад

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тромп: “Эрониҳо қавӣ ва мағруранд”
Таниш миёни ҷангҷӯёни ӯзбек ва давлати Ҷулонӣ дар Сурия

Матолиби пурбоздид