Ҳойдегер ва поёни фалсафа

Таърих

Ҳойдегер ва поёни фалсафа

Машҳур аст, ки Ҳойдегер мӯътақид аст, фалсафа ба поёни худ расидааст.

Пеш аз Ҳойдегер низ бархе сухан аз поёни фалсафа ба миён оварда буданд. Ҳойдегер мӯътақид аст, ки фалсафа дунёи Ғарбро шакл додааст. Ба ақидаи вай, фалсафа зуҳури “умонизм” (humanism) аст. Умонизми ғарбӣ мунҷар ба шаклгирии тамаддуни кунунии Ғарб шуда ва текнулужӣ ба навъе маҳсули он аст.

Ҳойдегер баён мекунад, ки танҳо “Дозойн” (ҳамон инсон) аст, ки метавонад аз ғорнишинӣ ба бурҷнишинӣ бирасад. Инсон “вуҷуди онҷо” дорад, “эгзистон” дорад ва метавонад аз худ берун биистад ва аз ҳудуду суғури худ дар ин лаҳза фаротар биравад.

Аз назари Ҳойдегер, қувваи фалсафа бо Ҳегел тамом мешавад. Ҳегел дар китобҳои худ, хусусан дар китоби “Падидоршиносии руҳ” (The Phenomenology of Spirit), изҳор медорад, ки хотами фалосифа аст ва дар воқеъ пас аз ӯ ҳеч файласуфи бузурги низомсозе зуҳур намекунад. Пас аз Ҳегел, тадриҷан фалсафаҳои музофе назири падидоршиносӣ (phenomenology), ҳерменутик (hermeneutics) ва ғайра, ва дар фалсафаи таҳлилӣ назири маърифатшиносӣ (epistemology), фалсафаи зеҳн (philosophy of mind), фалсафаи забон (philosophy of language) ва ғайра зуҳур мекунанд. Ҳеҷ кадом аз ин фалсафаҳо ҷаҳонро ба таври куллӣ тафсиру таъвил намекунанд.

Моркс низ чунин изҳор мекард, ки фалсафа то кунун ба дунболи тафсири ҷаҳон будааст, аммо акнун замони тағйири ҷаҳон фаро расидааст. Ҳойдегер низ баён мекунад, ки фалсафа дигар имкони тағйир дар ҷаҳонро надорад. Яъне тавоноии тарҳу барномарезӣ барои дунёи ҷадидро надорад. Ҳойдегер мӯътақид аст, ки яке аз асбобу авомили вуқӯи ҷангҳои ҷаҳонии аввал ва дувум, фалсафидани фалосифае назири: Лок, Ҳобз, Конт ва Вебер буд. Тафаккуроти ин андешамандон имкони зуҳури ингуна ҷангҳоро ба вуҷуд оварданд.

Ҳойдегер худро файласуф намедонад, балки худро як андешаманд ва мутафаккир ба ҳисоб меоварад. Ӯ мӯътақид аст, ки фалсафа чизе нест ба ҷуз пурсишгарӣ дар мавриди масоил ва умури бунёдин.

((istaravshani.com))

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таваққуфи музокироти Қоҳира бидуни натиҷа ва бозгашти ҳайатҳои Ҳамос ва Исроил
Аҳамияти ташвиқи кӯдакон ба китобхонӣ

Матолиби пурбоздид