Ҳузури намояндагони ПМТ дар маросими ёдбуди “Модари Чернобил”
Ахбори байналмилал
Ozodandishon
Ба навиштаи Илҳомҷон Ёқубов, узви барҷастаи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), имрӯз (ҷумъа, 26 апрел) бо ибтикори тими хонум Светлана Тихановская – аз раҳбарони опозитсияи Беллорус, маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи “Модари Чернобил” дар боғи “Сапегус”-и шаҳри Вилнюс ба муносибати ёдбуди қурбониёни садамаи Чернобил баргузор гардид.
Илҳомҷон Ёқубов дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук навиштааст:
“Дар ин ҳамоиш ғайр аз тими М. Тихановская, ҳамчунин беш аз даҳ намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Иттиҳоди Урупо ва намояндаи ПМТ низ иштирок кард.
Бояд гуфт, ки дар ин садама аз ҳама бештар миллати Белорус осеб дидааст, зеро нерӯгоҳи атомии Чернобил дар наздикии марзи Белорус сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин барои бартараф кардан ва ба осебдидагон кӯмак расонидан, аз Тоҷикистон низ бештар аз 1000 нафар тоҷикистонӣ иштирок кардаанд, ки бештари онҳо низ фавтиданд ва ё аз осебдидагонанд, ки ёди онҳо ҳам бо хондани чанд оёте аз Қуръони Маҷид посу гиромӣ дошта шуд.
Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил саҳарии 26 апрели соли 1986 рух додааст. Реактори блоки чоруми нерӯи атомии Чернобил таркида, ядрои реактор тамоман хароб шуда, ба муҳити атроф миқдори зиёди моддаҳои радиоактивӣ партофта шуд. Фалокат чи аз ҷиҳати шумораи одамоне, ки аз оқибатҳои он ҳалок ва зарар дидаанд ва чи аз ҷихати зарари иктисодӣ дар тамоми таърихи энергетикаи атомӣ калонтарин фалокат ба ҳисоб меравад.
Парвардигор қурбониёни садамаи “ Чернобил”-ро мағфирату раҳмат карда бошад!”
Ozodandishon
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: