Ҳушдори бесобиқаи раиси пешини “Мусод”: “Ҳама ба Урупо ва Омрико бармегардем”
Ахбори байналмилал
Йосси Коэн, раиси собиқи “Мусод” (Созмони иттилоотии Исроил), дар мақолае дар рӯзномаи Haaretz (ба забони ибрии он), бо таъкид бар ин ки Натонёҳу бо иқдомҳояш ҳамаи мо, исроилиҳоро нобуд хоҳад кард, навиштааст: “Амалиёти терури ахир дар пойтахти Ҳизбуллоҳ, тозатарин ва на охирин моҷароҷӯии Бибӣ (Натонёҳу) буд. Ӯ бо ин корҳо, ҳам худашро нобуд мекунад ва ҳам моро. Бибӣ ҳанӯз умедвор аст, битавонад пойи Омрикоро ба ин ҷанг бикашонад ва ин умеди охири ӯст. Омрикоиҳо ҳеч вақт вориди ин ҷанг нахоҳанд шуд. Мешунавед?! Онҳо ҳеч вақт вориди ин ҷанг нахоҳанд шуд. Агар замоне шунидед, ки нерӯҳои “Ризвон” (вобаста ба Ҳизбуллоҳ) ба дарвозаи Акко расидаанд, бидонед, ки бояд ҳамагӣ ҷамъ кунем ва баргардем ба ҳамон кишварҳое, ки аз онҷо омадаем”.
Йосси Коэн дар ибтидои мақолаи худ менависад: “Ҳеч кас дар ҷаҳон наметавонад инкор кунад, ки он чи ки дар 7 октябр рух дод, ҷинояте дар ҳаққи миллати яҳуд ва кишвари Исроил буд. Мо аз ҳимояти дунёи озод бархӯрдор будем ва ҳамаи дӯстони мо ба Телавив омаданд.”
Вай эътироф мекунад: “Агар дар Исроил раҳбари сиёсии қудратманде дар ҳадду андозаи ҳодисае, ки рух додааст вуҷуд дошт, мо алъон бахше аз эътилофи байналмилалӣ алайҳи теруризм будем ва метавонистем Ҳамосро аз Ғазза берун кунем ва Ҳизбуллоҳро ба он сӯйи рӯди Литонӣ баргардонем. Аммо моҷароҷӯии девонавори Бибӣ (Бенёмин Натонёҳу) ва Гонтз моро дар чашми ҷаҳониён аз қурбонӣ ба ҷаллод ва аз соҳибони ҳақ ба як мушт кӯдаккуш табдил кард ва ин дақиқан ҳамон чизе буд, ки Ҳамос ва меҳвари шарорат ба дунболи он буданд.”
Вай дар идома мегӯяд: “Имрӯз пас аз гузашти 80 рӯз дар пайи иштибоҳоти паёпай ва баровардҳои иштибоҳ ва ҳисобнашуда, Исроил барои аввалин бор дар тӯли таърихи худ аз соли 1948 бо хатари маргу зиндагӣ рӯ ба рӯст. Оре, ҳамватанон ман! Хатари маргу зиндагӣ!“
Коэн, дар ин мақола хотирнишон мекунад: “Ман аввалин касе ҳастам, ки занги хатарро ба садо даровардаам, то имрӯз ҳамаи ҳамватанонам бишнаванд ва бидонанд, ки агар ин гурӯҳ ва дору даста, дар раъси қудрат дар Исроил бимонанд, ҳамаи мо бояд ҷамъ кунем ва ба Лаҳистон (Полша) ва Русия ва Ангилис ва Омрико баргардем; тоза, агар ба мо иҷозаи бозгашт диҳанд.”
Вай эътироф мекунад: “Амалиёти терури ахир дар пойтахти Ҳизбуллоҳ, тозатарин ва на охирин моҷароҷӯии Бибӣ буд. Ӯ бо ин корҳо, ҳам худашро нобуд мекунад ва ҳам моро. Бибӣ ҳанӯз умедвор аст, битавонад пойи Омрикоро ба ин ҷанг бикашонад ва ин умеди охири ӯст. Омрикоиҳо ҳеч вақт вориди ин ҷанг нахоҳанд шуд. Мешунавед?! Онҳо ҳеч вақт вориди ин ҷанг нахоҳанд шуд. Агар замоне шунидед, ки нерӯҳои “Ризвон” (вобаста ба Ҳизбуллоҳ) ба дарвозаи Акко расидаанд, бидонед, ки бояд ҳамагӣ ҷамъ кунем ва баргардем ба ҳамон кишварҳое, ки аз онҷо омадаем.“
Йосси Коэн дар идома тасреҳ мекунад: “Ҳеч кас дар фармондеҳии артиш ё дастгоҳҳои иттилоот ва амният ҷуръати онро надорад, то ба шумо бигӯяд, ки вазъияти нерӯҳои мо дар хутути муқаддам то чӣ ҳадд бӯҳронӣ ва шикананда аст. Мо вақти кофӣ барои контроли авзоъ надорем. Албатта дӯстони мо ҳанӯз ҳамроҳи мо ҳастанд, аммо раҳбарони сиёсии кишвар бояд манофеъи миллати яҳудро бар манофеъи худ тарҷеҳ диҳанд ва ҳар чи сареътар тасмимоти сахт ва талхи худро бигиранд; бояд ҳар чи сареътар ҷангро мутаваққиф карда ва асиронро ба оғӯши хонаводаҳо баргардонанд, ҳатто агар шуда ба қимати тахлияи комили зиндонҳо бояд ин кор анҷом шавад; сипас бо баргузории интихоботи фаврӣ, кобинаи ваҳдати миллӣ ташкил шавад; кобинае, ки битавонад аз ҳаводиси ҷадид ибрат бигирад. Дар гоми баъдӣ бояд артиши ҷадиде бо тафаккури ҷадид ва бар пояи ҳамбастагии дохилӣ ташкил шавад.”
Вай, дар поён хитоб ба раҳбарони сиёсии ин режим мегӯяд: “Раҳбарони сиёсӣ бояд имрӯз ҳазинаи ин ҳаводисро бипардозанд, вагарна ин ҳазина ба гардани ҳамаи исроилиҳо хоҳад афтод ва аз руъёи давлати яҳудӣ ҷуз хотирае боқӣ нахоҳад монд, ки дар ҳоле, ки қаҳва менӯшем, дар масири бозгашт ба Урупо онро мурур мекунед.”
Haaretz
Қаламонлайн