Ҳушдори генерали амрикоӣ: Набояд сарбозонро ба куштан дод

Ҳушдори генерали амрикоӣ: Набояд сарбозонро ба куштан дод

Ҳушдори генерал ба Тромп: Набояд сарбозонро ба куштан дод

Ахбори байналмилал

Раиси Ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зимни як нишасти дохилӣ ба Доналд Тромп ва вазири ҷанги ин кишвар дар бораи паёмадҳои эҳтимолии ҳамла ба Эрон ҳушдори ҷиддӣ додааст.

Бино ба иттилои манобеи огоҳ, вай таъкид кардааст, ки ҳар гуна иқдоми низомӣ метавонад ба талафоти сангини ҷонӣ миёни неруҳои амрикоӣ мунҷар шавад ва набояд сарбозон ба муҳорибаҳои пурҳавф фиристода шаванд. Ба гуфтаи ӯ, паёмадҳои чунин даргирӣ метавонанд фаротар аз як амалиёти маҳдуд рафта, ба бесуботии густурда дар минтақа сабаб гарданд.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки баҳсҳо дар бораи равобити Вашингтон ва Теҳрон ва сенарияҳои эҳтимолии таниш миёни ду кишвар ҳамчунон идома дорад. То кунун Кохи Сафед дар ин хусус изҳороти расмӣ мунташир накардааст.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қолибоф ба амрикоиҳо: Ҳамаи гузинаҳо рӯи миз аст
Тромп: Қосим Сулаймонӣ садҳо ҳазор нерӯи амрикоиро кушт ва ман Қосим Сулаймониро куштам

Матолиби пурбоздид