Ҳушдори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба саҳюнистҳо ва Омрико пас аз “Ваъдаи содиқ-2”
Байналмилал
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар баёнияе ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки чунончи он режими мутаҷовиз, иқдом ба посухи мутақобил кунад, бояд мунтазири вайронии зерсохтҳои худ ба сурати густарда ва фарогир дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бошад.
Ба гузориши хабаргузори форс, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баёнияе дар бораи амалиёти “Ваъдаи содиқ-2” содир кард.
Матни ин баёния ба шарҳи зайл аст:
Ба дунболи иқдомоти номашрӯи режими саҳюнистӣ, бо терури мусташорони эронӣ дар Сурия, Лубнон ва бо нақзи ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳодати шаҳиди воломақом Муҳаммадризо Зоҳидӣ, шаҳиди бузургвор Исмоил Ҳания дар Теҳрон ва пас аз он бо терури раҳбарон ва фармондеҳони Ҳизбуллоҳи Лубнон бавежа муҷоҳиди кабир ва ҷон бар кафи ҷабҳаи муқовамат, шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ ва мусташори диловари эронӣ сардор сарлашкари посдор Аббоси Нилфурӯшон, ҳамзамон бо қатли омми мардуми мазлуми Лубнон ва Фаластин бахусус занон ва кӯдакони бепаноҳ, ҳуқуқи машрӯъи ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон нодида гирифта шуда ва посухи муқтазиро зарурӣ намуд.
Режими кӯдаккуши Исроили ғосиб ва ҳомиёни байналмилалӣ ва минтақаии он, алалхусус ҳомии аслии он Омрикои ҷинояткор бояд бидонанд, зимни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли 45 соли гузашта ҳеч гоҳ оғозгари ҳеч ҷанге набуда ва нахоҳад буд, лекин дар дифоъ аз ҳаққи машрӯъи худ дар муқобили ҳар таҷовуз ва таъаррузе бо салобат ва қудрати мисолзаданӣ кӯтоҳ намеояд ва ҳар мутаҷовизи шарур дар ҳар сатҳеро аз кардаи худ пушаймон мекунад.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ зимни ташаккур аз иқдоми машрӯъ, шуҷоона ва муҷоҳидонаи фарзандони рашиди миллати Эрон дар нерӯи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва ҳимоятҳо ва пуштибониҳои артиши қаҳрамони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати муқтадири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ дар интиқом ва муҷозоти режими кӯдаккуш ва ҷаллоди саҳюнистӣ, ин амалиётро ҳаққи машрӯъи худ дониста ва ҳушдор медиҳад, чунончи он режими мутаҷовиз, иқдом ба посухи мутақобил намояд, бояд мунтазири вайронии зерсохтҳои худ ба сурати густарда ва фарогир дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бошад ва дар сурати дахолати мустақими кишварҳои ҳомии режим дар таҷовуз ва таъарруз ба Эрони Исломӣ, ҳамзамон марокиз ва манофеъи онҳо низ дар сатҳи минтақа бо ҳуҷуми муқтадирона ва пушаймонкунандаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Қаламонлайн