Ҷомеа ва таърих
Бахши аввал
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши аввал: Ҷомеа
Пешгуфтор
Навъи шинохти як мактаб аз ҷомеа ва аз таърих ва тарзи бардошти он аз ин ду, нақши таъйинкунанда дар идеологияи он мактаб дорад, аз ин рӯ зарурат дорад, дар матни ҷаҳонбинии исломӣ, тарзи нигариши ислом ба ҷомеа ва ба таърих равшан гардад.
Бадеҳӣ аст, ки ислом на мактаби ҷомеашиносӣ аст ва на фалсафаи таърих. Дар китоби осмонии ислом ҳеч матлаби иҷтимоӣ ё таърихӣ бо забони маъмули ҷомеашиносӣ ё фалсафаи таърих тарҳ нашудааст, ҳамчунон ки ҳеч матлаби дигар — ахлоқӣ, фиқҳӣ, фалсафӣ ва ғайра — бо забони маъмул ва дар лифофаи истилоҳоти роиҷ ва тақсимбандиҳои марсум баён нашудааст. Дар айни ҳол, масоили зиёде аз он улум комилан қобили истинбот ва истихроҷ аст.
Тафаккури исломӣ дар бораи ҷомеа ва таърих — ки мо аз он ҷиҳат, ки ба якдигар марбутанд ва ба илова мехоҳем ба ихтисор дар бораи он баҳс кунем, онҳоро дар як фасл қарор медиҳем — аз аҳаммияти вежае бархӯрдор аст, ки шоистаи мутолеа ва таҳқиқ аст ва монанди бисёре аз таълимоти дигари исломӣ нишонаи умқ ва жарфоии ин таълимот аст. Албатта мо аз масоили марбут ба ҷомеа ва таърих он андоза тарҳ мекунем, ки фикр мекунем, дар шинохти идеологияи ислом зарурат дорад.
Аз ҷомеа оғоз мекунем ва сипас ба таърих мепардозем. Масоили ҷомеа инҳост:
- Ҷомеа чист?
- Оё инсон биттабъ (яъне дар табиаташ) иҷтимоӣ аст?
- Оё фард асил аст ва ҷомеа интизоӣ, ё баръакс ҷомеа асил аст ва фард интизоӣ, ё шиққи севвум дар кор аст?
- Ҷомеа ва суннат;
- Оё фард дар баробари ҷомеа ва муҳити иҷтимоӣ маҷбур аст ё мухтор?
- Ҷомеа дар тақсимоти аввалияи худ ба чӣ ниҳодҳо ва чӣ қутбҳо ва чӣ гурӯҳҳое тақсим мешавад?
- Оё ҷомеаҳои инсонӣ мутлақан дорои як моҳиятанд ва ихтилофоти онҳо аз қабили ихтилофоти афроди як навъ аст ва ё бар ҳасби ихтилофи минтақаҳо ва шароити замонӣ ва маконӣ ва дараҷаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо, анвоъи мутаъаддид ва моҳиятҳои мухталиф мегарданд ва табъан ҷомеашиносиҳои мутаъаддид меёбанд ва ҳар навъ аз як идеологияи хосс метавонад бархӯрдор бошад муғойир бо идеологияи навъи дигар? Ба иборати дигар, оё ҳамон тавр, ки инсонҳо бо ҳамаи ихтилофоти минтақаӣ ва нажодӣ ва таърихӣ, аз назари ҷисмӣ навъияти воҳид доранд ва қонунҳои пизишкӣ ва физиологии воҳид бар онҳо ҳукмфармост, аз назари иҷтимоӣ низ навъияти воҳид доранд ва системаи ахлоқӣ ва иҷтимоии воҳиде метавонад онҳоро идора кунад ва идеологияи воҳид метавонад бар башарият ҳоким бошад, ё ҳар ҷомеае бар ҳасби шароити минтақаӣ ва фарҳангӣ ва таърихӣ, ҷомеашиносии вежа дорад ва идеологияи хоссро эҷоб менамояд?
- Оё ҷомеаҳои инсонӣ, ки аз фаҷри таърих то асри ҳозир ба сурати пароканда ва мустақил аз якдигар буда ва навъе касрат ва ихтилоф бар онҳо ҳукмфармо будааст (лоақал ихтилофи фардӣ, на навъӣ), ба сӯйи ваҳдат ва ягонагӣ сайр мекунанд ва ояндаи башарият, ҷомеаи ягона ва тамаддуни ягона ва фарҳанги ягона ва билохира як ранг ва як шакл шудани башарият аст ва дугонагиҳо, чӣ расад ба тазоддҳо ва тазоҳумҳо, аз миён бархоҳад хост ва ё башарият маҳкум аст ба идомаи чандрангӣ ва чандшаклӣ ва чандгонагӣ аз ноҳияи фарҳанг ва идеология ва он чи муқаввими вуҷуди иҷтимоии ӯст?
Инҳо як силсила масоил аст, ки аз назари мо шоиста ва боиста аст дидгоҳи ислом дар бораи инҳо равшан шавад. Дар ин ҷо ба тартиб ва ба ихтисор дар бораи инҳо баҳс мекунем.
Ҷомеа чист?
Маҷмӯае аз афроди инсонӣ, ки бо низомот ва суннатҳо ва одоб ва қонунҳои хос ба якдигар пайванд хӯрда ва зиндагии дастаҷамъӣ доранд, ҷомеаро ташкил медиҳанд. Зиндагии дастаҷамъӣ ин нест, ки гурӯҳе аз инсонҳо дар канори якдигар ва дар як минтақа зист кунанд ва аз як обу ҳаво ва як навъ маводди ғизоӣ истифода намоянд. Дарахтони як боғ низ дар канори якдигар зист мекунанд ва аз як обу ҳаво ва як навъ маводди ғизоӣ истифода менамоянд, ҳамчунон ки оҳувони як гала низ бо ҳам мечаранд ва бо ҳам мехароманд ва бо ҳам нақли макон мекунанд. Аммо на дарахтон ва на оҳувон ҳеч кадом зиндагии иҷтимоӣ надоранд ва ҷомеа ташкил намедиҳанд.
Зиндагии инсон, ки иҷтимоӣ аст, ба маънии ин аст, ки моҳияти иҷтимоӣ дорад: аз тарафе ниёзҳо, баҳраҳо ва бархӯрдориҳо, корҳо ва фаъолиятҳо моҳияти иҷтимоӣ дорад ва ҷуз бо тақсими корҳо ва тақсими баҳраҳо ва тақсими рафъи ниёзмандиҳо дар дохили як силсила сунан ва низомот муяссар нест, аз тарафи дигар навъе андешаҳо, идеяҳо, хулқу хӯйҳо бар умум ҳукумат мекунад, ки ба онҳо ваҳдат ва ягонагӣ мебахшад ва ба таъбири дигар, ҷомеа иборат аст аз маҷмӯае аз инсонҳо, ки дар ҷабри як силсила ниёзҳо ва таҳти нуфузи як силсила ақидаҳо ва идеяҳо ва ормонҳо дар якдигар идғом шуда ва дар як зиндагии муштарак ғӯтаваранд.
Ниёзҳои муштараки иҷтимоӣ ва равобити вежаи зиндагии инсонӣ, инсонҳоро ончунон ба якдигар пайванд мезанад ва зиндагиро ончунон ваҳдат мебахшад, ки афродро дар ҳукми мусофироне қарор медиҳад, ки дар як автомобил ва ё як ҳавопаймо ё як киштӣ саворанд ва ба сӯйи мақсаде дар ҳаракатанд ва ҳама бо ҳам ба манзил мерасанд ва ё ҳама бо ҳам аз рафтан мемонанд ва ҳама бо ҳам дучори хатар мегарданд ва сарнавишти ягонае пайдо мекунанд.
Чӣ зебо масале овард Расули Акрам (с) он ҷо, ки фалсафаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро баён мекард:
“Гурӯҳе аз мардум дар як киштӣ савор шуданд ва киштӣ синаи дарёро мешикофт ва мерафт. Ҳар як аз мусофирон дар ҷойгоҳи махсуси худ нишаста буд. Яке аз мусофирон ба узри ин ки ин ҷо, ки нишастаам ҷойгоҳи худам аст ва танҳо ба худам тааллуқ дорад, бо василае, ки дар ихтиёр дошт, ба сӯрох кардани ҳамон нуқта пардохт. Агар соири мусофирон ҳамон ҷо дасти ӯро гирифта ва монеъ мешуданд, ғарқ намешуданд ва монеъи ғарқ шудани он бечора низ мешуданд.“
Оё инсон биттабъ (дар табиаташ) иҷтимоӣ аст?
Ин масъала аз қадимулайём матраҳ аст, ки зиндагии иҷтимоии инсон таҳти таъсири чӣ омилҳое ба вуҷуд омадааст? Оё инсон иҷтимоӣ офарида шудааст, яъне табиатан ба сурати ҷузъе аз кулл офарида шудааст ва дар ниҳоди инсон гароиши пайвастан ба “кулл“-и худ ҳаст?
Ва ё иҷтимоӣ офарида нашуда, балки изтирор ва ҷабри берунӣ инсонро маҷбур кардааст, ки зиндагии иҷтимоӣ бар ӯ таҳмил шавад, яъне инсон ба ҳасби табъи аввалии худ моил аст, ки озод бошад ва ҳеч қайду банд ва таҳмилеро, ки лозимаи зиндагии ҷамъӣ аст напазирад, аммо ба ҳукми таҷриба дарёфтааст, ки ба танҳоӣ қодир нест ба зиндагии худ идома диҳад, билиҷбор (маҷбуран) ба маҳдудияти зиндагии иҷтимоӣ тан додааст?
Ва ё инсон иҷтимоӣ офарида нашуда, аммо омиле, ки ӯро ба зиндагии иҷтимоӣ водор карда изтирор набудааст ва лоақал изтирор омили мунҳасир набудааст, инсон ба ҳукми ақли фитрӣ ва қудрати ҳисобгари худ ба ин натиҷа расида, ки бо мушорикат ва ҳамкорӣ ва зиндагии иҷтимоӣ, беҳтар аз мавоҳиби хилқат баҳра мегирад, аз ин рӯ ин “ширкат“-ро “интихоб“ кардааст?
Пас масъала ба ин се сурат қобили тарҳ аст, ки зиндагии иҷтимоии инсон табиӣ аст? Ё изтирорӣ? Ё интихобӣ?
Мутобиқи назарияи аввал, зиндагии иҷтимоии инсонҳо аз қабили зиндагии хонаводагии зану мард аст, ки ҳар як аз завҷайн ба сурати як “ҷузъ“ аз як “кулл“ дар матни хилқат офарида шуда ва дар ниҳоди ҳар кадом гароиш ба пайвастан ба “кулл“-и худ вуҷуд дорад.
Ва мутобиқи назарияи дуввум, зиндагии иҷтимоӣ аз қабили ҳамкорӣ ва ҳампаймонии ду кишвар аст, ки худро ба танҳоӣ дар муқобили душмани муштарак забун мебинанд ва ночор навъе ҳамкорӣ ва ҳамгомӣ ва иртибот миёни худ барқарор менамоянд.
Ва мутобиқи назарияи севвум, зиндагии иҷтимоӣ аз қабили ширкати ду сармоядор аст, ки барои таҳсили суди бештар, як воҳиди тиҷорӣ ё кишоварзӣ ё санъатӣ ба вуҷуд меоваранд.
Бино бар назарияи аввал, омили аслӣ табиати дарунии инсон аст ва бино бар назарияи дуввум, амре берунӣ ва хориҷ аз вуҷуди инсон аст ва бино бар назарияи севвум, омили аслӣ нерӯи ақлонӣ ва фикрӣ ва ҳисобгаронаи инсонӣ аст.
Бино бар назарияи аввал, иҷтимоӣ будан як ғояти куллӣ ва умумӣ аст, ки табиати инсон фитратан ба сӯйи ӯ равон аст ва бино бар назарияи дуввум, аз қабили умури иттифоқӣ ва арзӣ аст ва ба истилоҳи фалосифа, ғояти сонавӣ аст, на ғояти аввалӣ ва бино бар назарияи севвум, аз навъи ғоёти фикрӣ аст, на ғоёти табиӣ.
Аз оёти каримаи Қуръон истифода мешавад, ки иҷтимоӣ будани инсон дар матни хилқат ва офариниши ӯ пайрезӣ шудааст. Дар сураи муборакаи Ҳуҷурот мефармояд:
يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَىٰ وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا ۚ إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ
“Эй мардум! Шуморо аз марде ва зане офаридем ва шуморо миллатҳо ва қабилаҳо қарор додем, то ба ин васила якдигарро бозшиносед (на ин ки ба ин васила бар якдигар тафохур кунед). Ҳамоно гиромитарини шумо назди Худованд, муттақитарини шумост.” (Ҳуҷурот/13)
Дар ин ояти карима зимни як дастури ахлоқӣ, ба фалсафаи иҷтимоии офариниши хосси инсон ишора мекунад, ба ин баён, ки инсон ба гунае офарида шуда, ки ба сурати гурӯҳҳои мухталифи миллӣ ва қабилаӣ даромадааст, бо интисоб ба миллитҳо ва қабилаҳо бозшиносии якдигар, ки шарти лоянфакки зиндагии иҷтимоӣ аст сурат мегирад, яъне агар ин интисобҳо, ки аз ҷиҳати ваҷҳи иштироки афрод ва аз ҷиҳати ваҷҳи ифтироқи афрод аст набуд, бозшиносӣ номумкин буд ва дар натиҷа зиндагии иҷтимоӣ, ки бар асоси равобити инсонҳо бо якдигар аст имконпазир набуд.
Ин умур ва амсоли ин умур аз қабили ихтилоф дар шакл ва ранг ва андоза аст, ки ба ҳар фарде заминаи шиносномае вежаи худи ӯ эъто мекунад. Агар фаразан ҳамаи афрод як шакл ва як ранг ва як қолаб буданд ва агар робитаҳо ва интисобҳои мухталифи миёни онҳо ҳукмфармо набуд, афрод дар баробари якдигар назири колоҳои муттаҳидушшакли як корхона буданд, ки тамйизи онҳо аз якдигар ва дар натиҷа бозшиносии онҳо аз якдигар ва дар натиҷаи ниҳоӣ зиндагии иҷтимоии онҳо бар асоси равобит ва мубодилаи андеша ва кору коло ғайримумкин буд.
Пас интисоб ба шӯъбаҳо ва қабилаҳо, ҳикмат ва ғояти табиӣ дорад ва он тафовут ва бозшиносии афрод аз якдигар аст, ки шарти лоянфакки зиндагии иҷтимоӣ аст, на тафохур ва мояи бартарӣ шумурданҳо, ки ҳамоно мояи каромат ва шарофат тақвост.
Дар сураи Фурқон, ояти 54 мефармояд:
وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ مِنَ الْمَاءِ بَشَرًا فَجَعَلَهُ نَسَبًا وَصِهْرًا
“Ӯст, ки аз об башаре офарид ва он башарро ба сурати насабҳо (робитаҳои насабӣ) ва хешовандии домодӣ (робитаҳои сабабӣ) қарор дод.”
Ин ояти карима низ равобити насабӣ ва сабабиро, ки мояи пайванди афрод бо якдигар ва пояи бозшиносии онҳо аз якдигар аст, ба унвони тарҳе, ки дар матни хилқат барои ҳикмат ва ғояти куллӣ қарор дода шуда унвон намудааст.
Дар сураи муборакаи Зухруф, ояти 32 мефармояд:
أَهُمْ يَقْسِمُونَ رَحْمَتَ رَبِّكَ ۚ نَحْنُ قَسَمْنَا بَيْنَهُمْ مَعِيشَتَهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۚ وَرَفَعْنَا بَعْضَهُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِيَتَّخِذَ بَعْضُهُمْ بَعْضًا سُخْرِيًّا ۗ وَرَحْمَتُ رَبِّكَ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُونَ
“Оё онҳо раҳмати парвардигоратро тақсим мекунанд? (Оё кори хилқат ба онҳо вогузар шуда, ки ҳар чиро ба ҳар ки бихоҳанд, бидиҳанд ва аз ҳар ки нахоҳанд, бозгиранд?) Мо мояҳои маишат ва васоили зиндагӣ (имконот ва истеъдодҳо)-ро миёни онҳо дар зиндагии дунё тақсим кардем ва бархеро бар бархе дигар аз назари имконот ва истеъдодҳо ба дараҷоте бартарӣ додем, то ба ин васила ва ба сурати мутақобил, бархе бархе дигарро мусаххири худ қарор диҳанд (ва дар натиҷа ҳама ба таври табиӣ мусаххири ҳама воқеъ шаванд) ва ҳамоно раҳмати парвардигорат (мавҳибати нубувват) аз он чи инҳо гирд меоваранд беҳтар аст.”
Мо дар мабоҳиси тавҳид (бахши “Ҷаҳонбинии тавҳидӣ“) дар бораи муфоди ин ояти карима баҳс кардаем ва такрор намекунем. Ба таври хулоса мегӯем, муфоди ояти карима ин аст, ки инсонҳо аз назари имконот ва истеъдодҳо, яксон ва ҳамонанд офарида нашудаанд, ки агар чунин офарида шуда буданд, ҳар кас ҳамонро дошт, ки дигаре дорад ва ҳамонро фоқид буд, ки дигаре фоқид аст ва табъан ниёзи мутақобиле ва пайванде ва хидмати мутабодиле дар кор набуд. Худованд инсонҳоро аз назари истеъдодҳо ва имконоти ҷисмӣ ва руҳӣ ва ақлӣ ва отифӣ, мухталиф ва мутафовит офаридааст; баъзеро дар баъзе аз мавоҳиб бар баъзе дигар ба дараҷоте бартарӣ додааст ва аҳёнан он баъзи дигарро бар ин баъз, дар баъзе дигар аз мавоҳиб бартарӣ додааст ва ба ин васила ҳамаро биттабъ (дар табиаташон) ниёзманд ба ҳам ва моил ба пайвастан ба ҳам қарор дода ва ба ин васила заминаи зиндагии ба ҳам пайвастаи иҷтимоиро фароҳам намудааст. Ин ояти карима низ далолат дорад бар ин ки зиндагии иҷтимоии инсон амре табиӣ аст, на сирфан қарордодӣ ва интихобӣ ва на изтирорӣ ва таҳмилӣ.
Идома дорад…
qalamonline.net
Қаламонлайн













