Ҷуз кутуб ҳамнафас набуд маро…
Суханони бузургон дар бораи мутолиа ва китобхонӣ
Мутолиа андешидан бо зеҳни дигарӣ аст.
Артур Шупенҳовер
***
Ба китоб хондан идома бидеҳ, вале ёдат бошад, ки китоб, фақат як китоб аст ва бояд ёд бигирӣ, ки барои худат фикр кунӣ.
Максим Горкий
***
Гавҳари ҳар илм дар гаронбаҳотарин садафи торих, яъне китоб ҷой гирифтааст.
***
Маблағе, ки барои хариди китоб мепардозед, ба маротиб поинтар аз ҳазинаҳоест, ки дар оянда бобати нахондани китоб хоҳед пардохт…
***
Маҷбур нестед, барои аз байн бурдани як фарҳанг, китобҳоро бисӯзонед, фақат коре кунед, ки мардум онҳоро нахонанд.
Рей Бредбери
***
Мутолиа барои касоне, ки қасд доранд болотар аз ҳадди маъмул бошанд, зарурист!
Ҷим Рон
***
Хондани ҳамаи китобҳои хуб, монанди гуфтугӯ бо беҳтарин зеҳнҳои қарнҳои гузашта аст.
Рене Декорт
***
Барои тамоми умр, фаъолияти мавриди алоқаи ман, китоб хондан буд.
Одри Ҳепбёрн
***
Ҳарчӣ бештар мутолиа кунед, чизҳои бештаре хоҳед фаҳмид, ҳарчӣ бештар ёд бигиред, маконҳои бештаре хоҳед рафт.
Доктор Суз
***
Хушбахт касест, ки ба яке аз ин ду чиз дастрасӣ дорад: ё китобҳои хуб, ё дӯстоне, ки аҳли китоб бошанд.
Виктор Ҳугу
***
Қабл аз сӯҳбат кардан фикр кунед, пеш аз фикр кардан, мутолиа кунед.
Фран Лебовитз
***
Ҷомеа вақте фарзонагӣ ва саодат меёбад, ки мутолиа кори рӯзонааш бошад.
Суқрот
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:
Қаламонлайн