Ӯ аввалин мухолифи систем буд
Обид Шакурзода
Аввалин касе буд, ки аз ҳуқуқи муаллифӣ даст кашид. Ӯ аз мухолифони низоми давлатӣ буд. Барои радди марҷаъҳои динӣ аз калисо ронда шуд. Ӯ ҷоизаи Нубелро радд кард; ӯ аз пулу сарват нафрат дошт ва кишоварзонро ҷонибдорӣ кард. То ин дам ҳич кас ӯро ин гуна нашинохта буд.
Номи ӯ Лев ТОЛСТОЙ буд.
Инак, 10 нақли қавли маъруф аз ӯ:
1. Қудрати давлат бар ҷаҳл (нодонӣ)-и мардум аст ва инро медонад; бино бар ин ҳамеша ба рӯшангарӣ мубориза хоҳад кард. Вақти он аст, ки мо инро дарк кунем.
2. Ҳама мехоҳанд башариятро тағйир диҳанд, аммо ҳич кас ба фикри он нест, ки худро чӣ гуна тағйир диҳад.
3. Бигзор ҳар кас пеши дари хонаи худро ҷорӯб занад. Агар ҳар кӣ ин корро бикунад, хиёбон саросар поку тамиз мешавад.
4. Ҳамеша ба назар мерасад, ки моро ба хотири хуб будан дӯст доранд. Аммо пай намебарем, ки онҳое, ки моро дӯст медоранд, худ мардумони хуб ҳастанд.
5. Мақсуд бисёр донистан нест, балки аз ҳама донистаниҳои имконпазир бояд заруритарини онҳоро фаро гирифт.
6. Мардумон ағлаб танҳо барои он ифтихор аз покии виҷдони худ мекунанд, ки онҳо хотираи кунд доранд.
7. Инсон ҳамеша бояд хушнуд бошад, агар хушнудӣ сар омадааст, бибин, ки иштибоҳат дар куҷо буд.
8. Ҳич шароите вуҷуд надорад, ки инсон ба он натавонад одат кунад, ба вижа, агар бибинад, ки атрофиёнаш ҳама ин гуна зиндагӣ доранд.
9. Яке аз шигифтангезтарин боварҳои ғалат ин пиндор аст, ки гӯиё хушбахтии кас дар ҳич кор анҷом надодан бошад.
10. Бе ишқ осон метавон зист, аммо бидуни он маъние надорад.
Қаламонлайн