Абдулборӣ Атвон: Чаро режими саҳюнистӣ ба ҳамалоти яманиҳо посухе намедиҳад?

Таҳлили хабарӣ

Абдулборӣ Атвон: Чаро режими саҳюнистӣ ба ҳамалоти яманиҳо посухе намедиҳад?

Raialyoum

Абдулборӣ Атвон, рӯзноманигори маъруфи фаластинӣ ва сардабири рӯзномаи Раъюл-явм, дар матлабе навишт: “Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар суханронии рӯзи ҷумъа (2 май), аз оғози марҳилаи ҷадиди ҳамла ба киштиҳои исроилӣ дар ҳамаи обҳо хабар дод. Ин иқдом ҳамросто бо густариши доираи ҷанги Меҳвари Муқовамат алайҳи режими саҳюнистӣ ва бандарҳои он дар беш аз як ҷабҳа сурат мегирад.”

Атвон навишт:

“Пеш аз он ки вориди ҳар гуна ҷузъиёти марбут ба ин мавзӯъ шавем, бояд ба як суоли бисёр муҳим посух дод ва он ҳам ин ки: чаро режими саҳюнистӣ ба ҳамалоти артиши Яман посухе намедиҳад?

Посухи чунин суоле, ба таври хулоса, ба хотири руъбу ваҳшате аст, ки режими саҳюнистӣ дар он ба сар мебарад; ваҳшате, ки ин режимро ба кушодани ҳар гуна ҷабҳаи ҷангӣ алайҳи Яман ва кашондани ин кишвар ба доираи ҷанг барҳазар медорад. Ин режим ба ҳамаи ҷабҳаҳо ва кишварҳои арабӣ ҳамла мекунад, аммо аз 75 соли гузашта то кунун ҳатто як гулӯла ҳам ба самти Яман шиллик накардааст.

Исроилиҳо, чӣ сиёсатмадорон ва чӣ низомиёни онҳо, ба хубӣ аз шуҷоат, салобат, устуворӣ ва иззати нафси яманиҳо огоҳ ҳастанд ва хуб медонанд, ки яманиҳо аз марг намеҳаросанд ва дар дифоъ аз хок ва каромати худ, аз ҷон моя мегузоранд. Ва ба ҳамин далел дар ҳамаи набардҳо алайҳи мутаҷовизон пирӯз аз майдон хориҷ шудаанд ва мешаванд.

Ҳамин яманиҳо буданд, ки ба устураи мушакҳои “Патриот” – мояи ифтихори санойеъи низомии Омрико – поён доданд ва дар ин роҳ муттаҳидони эронии онҳо ҳам дар ҳамлаи “Ваъдаи содиқ” бо онҳо ҳамроҳ шуданд ва ҳамаи инҳо канор гузоштани сомонаҳои “Патриот” тавассути Исроилро тафсир мекунад.

Интиқоли нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба марҳила чаҳоруми ҳамалот алайҳи киштиҳои исроилӣ дар чорчӯби ташдиди амалиёти майдонии Меҳвари Муқовамат қарор мегирад, чаро ки барои нахустин бор “Сароё Ал-аштар”, вобаста ба муқовамати исломии Баҳрайн, ба шаҳри Уммуррашрош (Илот) ҳамлаи паҳподӣ кард ва гурдонҳои муқовамати исломии Ироқ ҳам барои нахустин бор Телавивро бомбборон карданд. Муқовамати Лубнон ҳам барои нахустин бор мушакҳояшро ба шаҳри Акко (дар Исроил) расонд ва баъид намедонем, ки ба зудӣ ба Ҳифо ҳам бирасанд.

Аз сӯйи дигар, ҳамаи талошҳо ва фишорҳои Омрико ва ғарб алайҳи муқовамат барои пазириши пешниҳодҳои Исроил дар музокирот ноком мондааст ва муқовамат ҳамчунон бар хостаҳо ва мавозеи худ дар музокирот исрор меварзад.

Роҳи ҳалли яманиҳо беҳтарин роҳ барои посухи арбадакашиҳои Исроил ва шикастани қулдурии Омрико ва ин режим ва озодсозии сарзаминҳои ишғолӣ аз рӯдхона то дарё аст. “Абу Яман” (ишора ба яманиҳо) вақте ҳарф мезанад, амал мекунад ва вақте асабонӣ мешавад, ларза бар андоми режими саҳюнистӣ меандозад ва онҳо ҳам аз гушудани ҳар гуна ҷабҳаи ҷанг бо яманиҳо парҳез мекунанд, чаро ки чунин иқдоме оғозе сареъ барои поёнашон хоҳад буд.”

Raialyoum

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Музокироти оташбас бе натиҷа ба поён расид
Чӣ гуна рӯзии худро афзоши диҳем?

Матолиби пурбоздид