Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ

Таърих

Абулфазли Байҳақӣ

Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ (995-1077), дабир ва муаррихи маъруф ва соҳиби китоби гаронмояи “Таърихи Байҳақӣ”. Аз ӯ муаррихон ва зиндагиноманависон бо унвонҳои Хоҷа, Шайх, Котиб, Имом ва Амид ёд кардаанд. Зодаи Байҳақ буд, ки номи деринаи бахше аз Хуросон ва дарбаргирандаи Сабзавори кунунӣ будааст.

Байҳақӣ дабири Султон Маҳмуд буд ва пас аз ӯ дабири Султон Масъуд Ғазнавӣ ва Султон Фаррухзод. Пас аз Султон Фаррухзод, Байҳақӣ инзиво ихтиёр кард ва аз дидагон пинҳон шуд.

Муҳимтарин асари ӯ “Таърихи Байҳақӣ” ҷузъи мероси куҳани фарҳангии мардумони Эронзамин аст. Ин асар дар канори доштани насри шево ва пурлатофату равон, баёнгари таърих, тафаккур ва биниши дарбориён ва то ҳадде мардумони асри худ аст. Ин асари беҳамто дар воқеъ намоёнгари гузор аз силсилаи Сомонӣ ба унсури турк аст.

Сомониён, ки нигини бошукӯҳи тамаддун ва фарҳанги Эронзамин буданд аз миён рафтанд, аммо суннат ва мероси худро барои турктаборон ва бавежа Ғазнавиён барҷой гузоштанд. Дарбори Ғазнавӣ ҳаргиз аз бозофаринии фарҳангӣ бознаистод ва адибони фаровон аз ҷумла Абулфазли Байҳақиро дар даруни худ ҷой дод.

Байҳақӣ бо кӯшиши фаровон на танҳо асаре адабӣ офарид, балки рухдодҳои гуногуни таърихиро барои мо ба сабт расонид. Рухдодҳое ҳамчун достони Ҳасанаки вазир, ки бо насре шево на танҳо таърихро барои мо ба сабт расониданд, ки шеваи либос пӯшидан, тавсифҳои минтақаи ҷуғрофиёӣ, боғҳои Хуросон, шаҳрҳо, ҳадоёи дарбориён, тафаккур ва андешаи дарбориён ва вазиронро низ ба мо ҳадя додааст.

Вазифаи яко-яки мост, ки қадр бидонем кӯшишҳои фаровони ин нависандаи гаронқадрро ва ҳар аз гоҳе ҳамгом бо ӯ ба сафар дар гузаштаҳои сарзамини худ биравем ва равони ӯро бо бозхонии навиштҳҳояш гиромӣ бидорем.

Манбаъ: Таърихи Байҳақӣ, тадвини дуктур Раҳбар.

Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ 

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сахтиҳои зиндагӣ
Ба далели ҳамлаҳои пайдарпаи Яман Исроил даст ба домони Амрико ва СММ шуд

Матолиби пурбоздид