Аввалин тамос миёни Эрон ва давлати Тромп
Дидори Илон Моск ва сафири Эрон
Ҳадаф – коҳиши таниш бо Омрико
Ахбори байналмилал
New York Times
Рӯзномаи New York Times дар хабаре навишт: Илон Моск, мушовири Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури тозаинтихобшудаи Омрико рӯзи душанбе бо сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дидор кард.
Ин рӯзнома ба нақл аз ду мақоми эронӣ гузориш дод, дидор дар мавриди чигунагии танишзудоӣ ва коҳиши таниш байни Эрон ва Омрико буд.
Ҳанӯз ҳеч манбае дар Эрон ба ин хабар вокуниш нишон надодааст.
Ин нахустин дидор ва тамос миёни давлати Эрон ва давлати Тромп ба шумор меояд.
Ду мақоми эронӣ ба New York Times гуфтанд, дидори Моск ва Амирсаиди Ирвонӣ, сафири Эрон, дар маконе маҳрамона баргузор шуд ва беш аз як соат тӯл кашид.
Ин ду манбаи эронӣ ин нишастро “мусбат” ва “хабари хуб” тавсиф карданд.
Стивен Чонг, мудири иртибототи Тромп, дар посух ба ин суол, ки оё чунин ҷаласае баргузор шудааст, гуфт: “Мо дар мавриди гузориши мулоқотҳои хусусӣ, ки рух дода ё надода, изҳори назар намекунем.”
Илон Моск ҳам ба дархости New York Times барои изҳори назар посух надод.
Яке аз ин ду манбаи эронӣ гуфт, ин оқои Моск буд, ки дархости ин мулоқотро дод ва сафири Эрон ҳам маҳалли дидорро интихоб кард.
Ин ду мақоми эронӣ гуфтанд, дидор бо Моск роҳи ҳалле барои Эрон фароҳам кард ва ба Эрон иҷоза дод аз дидори мустақим бо як мақоми омрикоӣ худдорӣ кунад. Бо ин ҳол, Моск ба зудӣ ёддошти расмӣ хоҳад дошт. Ӯ ба унвони мудири муштараки созмони коромадии давлати ҷадид муаррифӣ шудааст.
Гуфтанист, Илон Моск, миллиардер ва корофарин, аз наздиктарин чеҳраҳо ба Тромп ба шумор меояд. Вай аз ҳомиёни Тромп дар интихобот буд ва қарор аст дар давлати ҷадиди Омрико, раҳбарии як созмон барои афзоиши коромадии ниҳодҳои давлатиро бар ӯҳда бигирад.
New York Times
Қаламонлайн