Аврупо ба адами вобастагӣ ба доллар исрор дорад

Аврупо ба адами вобастагӣ ба доллар исрор дорад

Ахбори байналмилал

Ба гуфтаи бархе коршиносон, истифодаи Амрико аз доллар ба унвони абзоре дар ҷанги сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба ҷойгоҳи он ба унвони асъори захираи байналмилалӣ, латма задааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки кам кардани вобастагӣ ба доллар ва истифода аз арз (асъор)-ҳои дигар дар мубодилоти миёни кишварҳо ба яке аз дағдағаҳои ҷиддии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ҳатто муттаҳидони Амрико табдил шудааст.

Аз ҷумла, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса дар ин замина гуфт: Мо набояд ба фаросарзаминӣ будани доллар вобаста бошем ва вориди мантиқи блок ба блок миёни Чин ва Амрико шавем.

Макрон, ки ба тозагӣ аз сафари Чин бозгаштааст, ҳушдор дод: Бидуни истиқлоли роҳбурдӣ, Аврупо дар хатари ҳазф аз таърих аст.

Вай изофа кард, мушкили асосии Аврупо ин аст, ки вақте метавонад мавқеияти роҳбурдии худро рӯшан кунад, гирифтори як ошуфтагӣ дар ҷаҳон ва буҳронҳое мешавад, ки рабте ба мо надорад.

Раиси ҷумҳури Фаронса ҳамчунин хостори коҳиши вобастагии Аврупо ба Иёлоти Муттаҳида ва иҷтиноб аз рӯёрӯии эҳтимолӣ бо Чин бар сари мавзӯи Тайван шуд.

Истифода аз доллар дар мубодилоти ҷаҳонӣ бавижа тайи даҳаи ахир ва ҳамзамон бо таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон сабаб шудааст то бисёре аз кишварҳо ба фикри истифода аз арзҳое ғайр аз доллар дар мубодилоти тиҷорӣ бошанд. Ин мавзӯъ пас аз таҳримҳои сангини Амрико алайҳи Русия аз сӯи Маскав матраҳ шуд ва ба мурур мавриди таваҷҷуҳи дигар кишварҳо қарор гирифт.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷимоии Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фалсафаи пешрафт
Ҳамос: Исроил бо чанддастагӣ рӯбарӯ шудааст

Матолиби пурбоздид