Адаб

Адаб

Адаб

Рустами Ваҳҳоб

Ақл дар гӯши дилам гуфт, ки имон адаб аст.

(Мавлоно)

Машъали дасти раҳравон адаб аст,

Матлаъи шамси Ховарон адаб аст.

Осмон пояе агар дорад,

Шаҳсутун зери осмон адаб аст.

Бе вуҷудаш ҷаҳон зи ҳам пошад,

Назми кайҳону азми ҷон адаб аст.

Галлаи ахтарон ба марзи шабон

Бе шубон несту шубон адаб аст.

Нанишонад хасе ба чашми касе,

Сахт савганди Каҳкашон адаб аст.

Рӯзу шаб деру зуд кай донад?

Балки ҳар соату ҳар он адаб аст.

Кӯҳҳо истода бар фармон,

Аз ҳама кӯҳҳо гарон адаб аст.

Асли ҳар мазҳабею ҳар дине

Эй ҷавони намозхон, адаб аст.

Корвони башар ба раҳ пӯён,

Қофиладору сорбон адаб аст.

Бо адаб ҳеч кас нагардад хор,

Баҳри овора хонумон адаб аст.

Сад бало дар камини ҳастии мост,

Гӯшае, ки диҳад амон адаб аст.

Солҳо тир дар камон хоб аст,

Банди он тир дар камон адаб аст.

Пир гардад ба домани модар,

Мардро моми меҳрубон адаб аст.

«Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад»,

Он гулистони бехазон адаб аст.

Ишқ ҳам бе адаб намепояд,

Гавҳари ишқро замон адаб аст.

Ҳаст мақсуди ҷумла илм адаб,

Илм чун колбад, равон адаб аст.

Гар ҳунар барравад ба авҷи фалак,

Шаҳпараш бе шаку гумон адаб аст.

Фарқи эъҷозро зи ҷодуйӣ

Он чи созад ба мо аён, адаб аст.

Хасм хоҳад туро, вале бе ту

Хасмро хасм дар ниҳон адаб аст.

То адаб ҳаст, асли ту барҷост,

Миллататро нигоҳбон адаб аст.

Тоҷи тоҷик ҳам адаб будаст,

Рамзи ойини паҳлавон адаб аст.

Ёд овар зи панди Афредун,

То муқаррар шавад – тавон адаб аст.

Бандагиро зи бардагӣ бишнос,

Қавми озодаро нишон адаб аст.

Як ҷаҳон гар сухан фароз орам,

Кам бувад, баски ду ҷаҳон адаб аст.

Аз адаб ман сухан намегуфтам,

Ончи гардонадам забон, адаб аст.

Нестам мазҳари адаб, аммо

Ормонам миёни ҷон адаб аст.

Рустами Ваҳҳоб

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳаббат
Таҳдиди Амрико ба Остона: Ба Русия кумак накунед!

Матолиби пурбоздид