Ал-Ҳайя: Миллати Фаластин сарзамини худро тарк нахоҳад кард
Муовини раиси ҷунбиши Ҳамос дар роҳпаймоии 22 баҳман дар Теҳрон: “Миллати Фаластин сарзамини худро тарк нахоҳад кард”
Ахбори байналмилал
Халил ал-Ҳайя, муовини раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, дар суханронӣ дар роҳпаймоии 22 баҳман дар Теҳрон, бо баёни ин ки “миллати Фаластин сарзамини худро тарк нахоҳад кард”, гуфт: “Барои нахустин бор дар таърихи муосир уммати исломӣ бо ҳамаи тоифаҳо, нажодҳо ва озодагони олам ва ҳамаи кишварҳо дар канори Фаластин истоданд ва ба ёрии мардуми Фаластин бархостанд. Ваъдаи илоҳӣ дар ин мавзӯъ равшан шуд. Лубнон, Яман, Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамаи озодагон ба ёрии Фаластин шитофтанд. Дуруд бар шарқу ғарби олам, ки ба ёрии Фаластин бархостанд, чӣ бо мушак ва силоҳ ва чӣ бо роҳпаймоиҳои миллионӣ ва чӣ бо силоҳи ҳуқуқӣ ва қонунӣ.”
Ба гузориши Алмаёдин
Халил ал-Ҳайя, ки ба ҳамроҳи ҳайати ҷунбиши Ҳамос дар роҳпаймоии 22 баҳман дар Теҳрон ширкат карда буд, тасреҳ кард: “Ҳимояти Эрон аз Ғазза ва аввалин ва дуввумин амалиёти “Ваъдаи содиқ” таъйидкунандаи ин буданд, ки замони поён додан ба қулдурии режими саҳюнистӣ фаро расидааст.”
Халил ал-Ҳайя пеш гуфт: “Саҳюнистҳо натавонистанд дастоварде дошта бошанд. Ҳамаро куштанд ва боғҳо ва дарахтонро аз байн бурданд, аммо фаластиниён ҳамчунон қавӣ, муқовим ва тавонманд монданд. Худо макр ва таҷовузи саҳюнистҳоро ба худашон баргардонд ва сели таҷовузоти онҳоро мутаваққиф кард. Худо дар Қуръон баён кардааст, касонеро, ки куфр варзидаанд, посух хоҳад дод ва хайре нахоҳанд дид ва мӯъминон карим ва азиз хоҳанд монд.”
Вай идома дод: “Тӯфон ал-Ақсо алайҳи ситам ва таҷовузгарӣ бапо хост. Ин амалиёт нишонаҳои зиёде дошт. Миллат ва муқовамат дар ин амалиёт бо ҳам муттаҳид шуданд. Ин амалиёт ба далели қарор гирифтан дар як сангар, мӯҷиби пирӯзӣ шуд. Хуни шуҳадои фаластинӣ заминро обёрӣ кард ва пирӯзиро рақам зад. Ин амалиёт пирӯз шуд, чун имон бар дилҳои мӯъминон ҳоким шуд. Бо ҳимояти миллати Фаластин аз ин амалиёт бо сабри худ, ин пирӯзиро суръат бахшид.”
Муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард: “Миллати Фаластин сарзамини худро тарк нахоҳад кард ва дар сарзамини худ боқӣ мемонад. Дар баробари уммати арабӣ ва исломӣ ва мардуми Эрон истодаам ва ба ҳамаи шумо ва миллати муқовими Фаластин дуруд мефиристам!”
Ал-Ҳайя бо ишора ба бузург ва боазамат будани набарди “Тӯфон ал-Ақсо” гуфт: “Барои нахустин бор дар таърихи муосир уммати исломӣ бо ҳамаи тоифаҳо, нажодҳо ва озодагони олам ва ҳамаи кишварҳо дар канори Фаластин истоданд ва ба ёрии мардуми Фаластин бархостанд. Ваъдаи илоҳӣ дар ин мавзӯъ равшан шуд. Лубнон, Яман, Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамаи озодагон ба ёрии Фаластин шитофтанд. Дуруд бар шарқу ғарби олам, ки ба ёрии Фаластин бархостанд, чӣ бо мушак ва силоҳ ва чӣ бо роҳпаймоиҳои миллионӣ ва чӣ бо силоҳи ҳуқуқӣ ва қонунӣ”.
Қаламонлайн