Амалиёти муштараки артиши Яман ва муқовамати Ироқ алайҳи ду киштӣ дар бандари Ҳифо

Амалиёти муштараки артиши Яман ва муқовамати Ироқ алайҳи ду киштӣ дар бандари Ҳифо

Ахбори байналмилал

Alalam

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, амалиёти муштараки артиши Яман ва нерӯҳои муқовамати Ироқ дар посух ба ҷиноятҳои душмани саҳюнист дар минтақаи Рафаҳ дар ҷануби навори Ғазза анҷом шуд.

Ба гузориши Алъолам, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: “Аввалин амалиёти муштарак алайҳи ду киштӣ анҷом шуд, ки таҷҳизот ва адавоти низомӣ дар бандар Ҳифо ҳамл мекарданд.”

Дар баёнияи нерӯҳои мусаллаҳи Яман омадааст: “Ду амалиёти муштарак бо муқовамати исломии Ироқ алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ дар бандари Ҳифо, воқеъ дар Фаластини ишғолӣ анҷом шудааст.”

Дар аввалин амалиёти муштарак, ду киштӣ, ки ҳомили таҷҳизоти низомӣ буда ва ба самти бандари Ҳифо ҳаракат мекарданд, ҳадаф қарор гирифт.

Дар дуввумин амалиёти муштарак, як киштӣ, ки манъи вуруд ба бандари Ҳифо дар Фаластини ишғолиро нақз карда буд, ҳадаф қарор гирифт.

Бар асоси ин баёния, ин ду амалиёт бо теъдоде паҳпод сурат гирифт ва паҳподҳо ба диққат ба аҳдофи марбута исобат карданд.

Ин баёния афзуд, ки амалиёти муштарак алайҳи бандари Ҳифо дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Рафаҳ сурат гирифтааст.

Дар ин баёния омадааст: “Режими Исроил бояд интизори амалиёти кайфӣ ва мунҳасир ба фарди муштараки бештареро дар рӯзҳои оянда то таваққуфи таҷовузот ва поёни муҳосираи Ғазза дошта бошад.”

Ин баёния овардааст: “Аз ҳамаи артишҳои арабӣ мехоҳем дар амалиёти пуштибонӣ ва ҳимоят аз муқовамати исломӣ дар ростои амал ба вазифаи динӣ ва инсонии худ дар қиболи миллати Фаластин мушорикат кунанд.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Амалиёти муштараки муқовамати Яман ва Ироқ, роҳбурдӣ аст”
Боздошти мудири собиқи садо ва симои Эрон дар Фаронса

Матолиби пурбоздид