Амалиёти паҳподии Яман алайҳи Исроил

Амалиёти паҳподии Яман алайҳи Исроил

Байналмилал

Ҷузъиёти се амалиёти паҳподӣ алайҳи Исроил тавассути Яман

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бомдоди панҷшанбе аз се амалиёти паҳподӣ алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, бомдоди панҷшанбе аз се амалиёти паҳподӣ алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ хабар дод.

Сареъ дар баёнияе гуфт: “Нерӯи ҳавоии Яман се амалиёти низомӣ бо кайфияти боло алайҳи се ҳадафи душмани исроилӣ бо истифода аз панҷ паҳпод анҷом дод.”

Вай афзуд: “Амалиёти аввал як ҳадафи ҳассоси душмани исроилиро дар минтақаи ишғолии Ёфо (Телавив) бо ду паҳпод ҳадаф қарор дод.”

Сареъ дар идома тавзеҳ дод: “Дар амалиёти дуввум як ҳадафи низомии исроилӣ дар минтақаи ишғолии Асқалон бо ду паҳпод ҳадаф қарор гирифт. Амалиёти севвум низ як ҳадафи низомии душманро дар минтақаи ишғолии Нақаб бо як паҳпод мавриди исобат қарор дод.”

Тибқи ин гузориш, Сареъ бо баёни ин ки амалиёти низомӣ бо муваффақият ба аҳдофи худ расид, изҳор дошт: “Раҳбарӣ, мардум ва артиши Яман, аз тамоми уммати арабӣ ва исломӣ мехоҳад, ки ба вазоифи динӣ, ахлоқӣ ва инсонии худ дар қиболи мардуми мазлуми Фаластин амал кунанд.”

Вай дар ин бора идома дод: “Аз мардуми Яман мехоҳем, ки дар рӯзҳои оянда барои ҳимоят аз адолат ва радди наслкушии мудовим алайҳи бародаронамон дар навори Ғазза ба хиёбонҳо биёянд.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳ Яман тасреҳ кард: “Бояд барои лағви муҳосира ва поён додан ба гуруснагӣ ва ташнагии бародаронамон дар навори Ғазза фишор оварда шавад.”

Сареъ ҳамчунин афзуд: “Амалиёти мо то замоне, ки таҷовуз алайҳи Ғазза мутаваққиф нашавад ва муҳосира бардошта нашавад, мутаваққиф нахоҳад шуд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қолибоф: Ғазза маркази озмуни виҷдони инсоният аст
Амрико таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон ҷорӣ кард

Матолиби пурбоздид