Амирабдуллоҳиён: “Агар дар Англис ва Эрон референдум баргузор шавад, Англис ҳатман мебозад”

Амирабдуллоҳиён: “Агар дар Англис ва Эрон референдум баргузор шавад, Англис ҳатман мебозад”
Ахбори байналмилал
Вазири умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон гуфт: “Агар як ҳамапурсӣ дар Эрон ва ҳамзамон дар Англис баргузор шавад ва мавзӯъи он ҳимояти мардум аз низомашон бошад, тардид накунед, Англис дар ин ҳамапурсӣ бохтааст.”
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар гуфтугӯ бо коноли хабарии 4-и Англис ва дар посух ба ин гуфтори муҷрии ангилисӣ ки “мардуми Эрон аз ҳукуматашон хаста шудаанд” гуфт: “Аз дахолатҳои Ангилис ва илқои чунин адабиёти нодурусте тавассути Ангилис нисбат ба ҷомеаи Эрон моилам инро изофа кунам, ки арзёбиҳо ва иттилооте, ки дар ихтиёри шумо дар мавриди Эрон аст, комилан ҷиҳатдиҳишуда ва сохтагӣ ва тасаннуъӣ аст, мо паштвонаи давлат ва низомамон мардум ҳастанд.”
Вай гуфт: “Агар ба тасовири ҳузури чанд даҳ миллионии мардуми Эрон дар 45-умин солгарди пирӯзӣ мурур кунед, мутаваҷҷеҳ мешавед ин иттилооти шумо комилан ғалат аст.”
Вазири хориҷаи Эрон баён кард: “Тромп ва ё ҳар раисҷумҳури дигар дар Омрико, аз назари мо бо рафтораш мавриди арзёбӣ қарор хоҳад гирифт, ин ки мардуми Омрико чӣ касеро интихоб кунанд мавзӯъе аст, ки ба мардуми Омрико бармегардад.”
Вай баён кард: “Агар як ҳамапурсӣ дар Эрон ва ҳамзамон дар Англис баргузор шавад ва мавзӯи он ҳимояти мардум аз низомашон бошад, тардид накунед дар ин ҳамапурсӣ Англис бохтааст.”
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яман: Ғофилгириҳое дорем
Қатлу куштори фаластиниён ва ифтихору ташвиқи вазири исроилӣ

Матолиби пурбоздид