Амонатдорӣ дар суханони гуҳарбори Паёмбари Акрам(с)

Амонатдорӣ дар суханони гуҳарбори Паёмбари Акрам(с)

1 – “Агар касе туро амин донист ва амонате ба ту супурд, онро ба ӯ баргардон ва агар касе ба ту хиёнат кард, ту ба ӯ хиёнат макун”.

(Шаҳоб-ул-ахбор, саҳ.326).

2 – “Ҳар кас дар амонат хиёнат кунад, пайрави мо нест!”

(Сафина, саҳ.433).

3 – “Касе, ки амонатеро, ки дар дасти ӯст, аҳамият надиҳад вf саҳлангорӣ кунад, то аз даст равад, пайрави мо нест”.

(Биҳор, ҷилди 75, саҳ.172).

4 – “Маҳфил ва маҷолиси хусусии мардум, барои афроди он, як амонат аст ва набояд аз он бозгӯ намояд, фош кардани рози бародари динии худ, хиёнат ба шумор меояд”.

(Биҳор, ҷилди 77, сах89).

5 – “Ба касе, ки ба ту хиёнат кардааст, хиёнат накун, вагарна ту ҳам мисли ӯ хоҳӣ буд”.

(Ашшаҳоб фил-ҳиками вал-одоб, саҳ.61).

6 – “Дар дину оин хиёнату дурӯғ роҳ надорад”.

(Мавоизи ададия, саҳ.10).

7 – “Мӯъмин ба ҳар хулқу хӯе шакл мегирад, ҷуз ба дурӯғ ва хиёнат”.

(Мустадрак ,ҷ.14, саҳ.13).

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Умед доштан – ҳамаи зиндагист!
Нигоҳе мухтасар ба зиндагонии Паёмбар(с)

Матолиби пурбоздид