Амрико дар мараммати амокини торихии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

Амрико дар мараммати амокини торихии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

Ахбори минтақа

Мануэл Микаллер – сафири Амрико дар Тоҷикистон эълом кард, барои ҳифз ва эҳёи мероси фарҳангии Тоҷикистон маблағгузорӣ хоҳад кард.

Ба гузориши Ирна, ба нақл аз торнамои Сафорати Амрико,  Мануэл Микаллер, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон дар ҷараёнибоздид аз Панҷакент, эълом кард, кишвараш 186 ҳазору 766 доллар барои ҳифз ва эҳёи саҳни бинои таърихии Панҷакент ихтисос дод.

Ин манбаъ мегӯяд, ки ин маблағ дар чорчӯби барномаи Сандуқи сафирони Иёлоти Муттаҳида барои ҳифозат аз мероси фарҳангӣ (AFCP), баҳри сохти ҳисор бо ҳадафи ҳифозату мараммати чаҳор бинои аслии Панҷакенти бостонӣ ихтисос ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, қарор аст Маъбади Зартуштиён (қарни панҷум то ҳаштум), деворҳои дифоӣ (қарни панҷум), толори пазироӣ ба номи Рустамнома (қарни ҳафтум то ҳаштум), бурҷи гӯшаи девории дифоӣ (қарни панҷум то ҳаштум) мараммат шавад.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, барои Сафорати Иёлоти Муттаҳида ҳимоят аз эҳёи ин шаҳри бостонии Роҳи Абрешим – яке аз маънодортарин роҳҳо барои нишон додани эҳтиром ба таъриху фарҳанги ғании Тоҷикистон аст.

Мануэл Микаллер дар сафари худ ба Панҷакент бо Абдухолиқ Холиқзода, шаҳрдори Панҷакент дидор ва дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард.

Панҷакент яке аз маконҳои муҳим барои бостоншиносон дар ғарби Тоҷикистон, дар 56 километрии шарқи Самарқанд воқеъ шудааст.

Ин шаҳри бостонӣ, ки ҳудуди 2500 сол пеш сохта шудааст, акнун аз марокизи бисёр муҳими мутолеоти бостоншиносӣ ва ҳунарии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва дар замони Сосониён нақши муҳиме дар тиҷорати сарзамини Суғди бостон ва Роҳи Абрешим ифо мекард.

Лозим ба ёдоварист, аз соли 2001 мелодӣ то кунун Сандуқи суфарои Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон 17 пружаро таъмини молӣ карда ва тақрибан 800 ҳазор доллар барои ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон ихтисос додааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷоҳилият
Амрико ба либеролизм садоқат надорад

Матолиби пурбоздид