Роберт Кеннеди: “Амрико ДОИШ-ро эҷод кардааст!”

Uncategorized

Роберт Кеннеди: “Амрико ДОИШ-ро эҷод кардааст!”

Роберт Ф.Кеннеди, сиёсатмадори омрикоӣ, ки барои ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли ояндаи Амрико эъломи ҳузур карда ва рақиби Ҷу Бойден дар Ҳизби демукрот аст, эътироф кард, ки Амрико гурӯҳи теруристии ДОИШ-ро эҷод кардааст.

Роберт Ф. Кеннеди, бародарзодаи Ҷон Ф. Кеннеди – раиси ҷумҳури теруршудаи пешини Амрико, рақиби ҷадиди Ҷу Бойден, раиси ҷумҳури кунунии Амрико барои интихоботи соли ояндаи риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар дохили Ҳизби демукрот шуд.

Роберт Кеннедии 69-сола дар суханоне, ки тақрибан ҳудуди ду соат ба тӯл кашид, гуфт: “Пулис фосид аст; мо ДОИШ-ро эҷод кардем. Мо ду миллион овораро равонаи Аврупо кардем ва заминасози бесуботии демукросӣ дар онҷо шудем, ки мунҷар ба Brexit шуд”.

Ин сиёсатмадори демукрот ва рақиби Ҷу Бойден дар бахше аз суханонаш афзуд: “Ин ҳазинаи ҷанги Ироқ аст. 8 ҳазор миллиард доллар дар онҷо ва 16 ҳазор миллиард доллар барои таътилиҳои ношӣ аз он ҳазина кардем, ки дар маҷмӯъ 24 ҳазор миллиард доллар ҳазина шудааст”.

Кеннеди таъкид кард: “Ин ҳазинаҳо натиҷае ҷуз вайронии табақаи мутавассит дар Амрико надоштааст ва мо бояд ба ин вазъият поён диҳем”.

Ин сиёсатмадори амрикоӣ дар бахше аз суханонаш дар интиқод аз сиёсати хориҷии Амрико эътироф кард: “Роҳбурди мо ҳамвора истифода аз таслиҳоти низомӣ барои намоиши қудрат, яъне истифода аз артиш барои намоиши қудрат дар саросари ҷаҳон будааст”.

Кеннеди бо ишора ба муваффақияти сиёсати хориҷии Чин гуфт: “Аммо Чин кори мутафовите кардааст. Онҳо фалсафаи роҳбурди умумии маро иттихоз карданд”.

Вай идома дод: “Мо ҳашт ҳазор миллиард дрллар харҷ кардем, то пулҳо, бандарҳо, ҷоддаҳо ва бемористонҳоро бомбборон кунем, аммо онҳо ҳашт ҳазор миллиард доллар барои сохти пулҳо, бандарҳо, ҷоддаҳо ва бемористонҳо ҳазина карданд”.

Ин сиёсатмадори амрикоӣ дар идомаи интиқод аз сиёсати хориҷии Амрико афзуд: “Онҳо (Чин) дар ҳоли гирифтани ҷойи мо ба унвони шарики тиҷорӣ дар аксари кишварҳои офриқоӣ ва Амрикои Лотин ҳастанд. Бразил аз доллар ба арзи Чин рӯй овард ва Арабистони Саудӣ низ ин корро анҷом дод”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафҳаи андешаҳо
Ғурури ниёкон

Матолиби пурбоздид