Амрико 242 ҳазор китоби дарсии англисӣ ба мактабҳои Тоҷикистон эҳдо кард
Ахбори минтақа
Амрико ба ҳамроҳи шабакаи тавсиаи Оқохон, 242 ҳазор китоби дарсии англисии синфҳои даҳум ва ёздаҳумро ба мактабҳои Тоҷикистон эҳдо кард.
Маросими таҳвили ин китобҳо, дар торихи 15-феврал дар Душанбе, бо ҳузури сафири Амрико Монуэл Микаллер, Раҳим Саидзода вазири маориф ва намояндаи шабакаи тавсиаи Оқохон Қозидавлат Қоимдодов баргузор шуд.
Ин китобҳо шомили бастаҳои кумакомӯзишӣ (китоби роҳнамо ва савти омӯзишӣ) барои муаллимон мебошад ва интиқол ва омӯзиши охирин стандартҳои равиши омӯзиш дар Амрико ба мактабҳои Тоҷикистон низ метавонад аз аҳдофи ин пружа бошад.
Сафорати Амрико дар гузориши худ навишт: Дар ояндаи наздик 352 ҳазор китоби дарсии дигар низ барои синфҳои 8 ва 9 ба мактабҳои Тоҷикистон эҳдо хоҳад шуд.
Қаламонлайн