Андешаҳои ғайрипсихологӣ
Марям Давлатова
Чанд рӯзи охир фейсбук ва олами атроф дар масъалаи ё дарди бисёрзанагӣ, фиреб хӯрдани занон, бевафоиву беҳимматии мардон ва амсоли ин садо медиҳад.
Ду рӯз пеш ронандаи хушчақчақи таксӣ ба ман дар омади гап аз зиндагияш нақл мекард. Ва бо таъкиду ифтихор “кампири дуюмам” мегуфт. Яъне бидонед мардум ман он қадар бечора нестам. ДУ ЗАН дорам. Чунон ки нафаре мегӯяд чанд мошин дорам, чӣ қадар пул дорам ва ғайра.
Масъалаи бисёрзанӣ аз оғози замони истиқлолият саризабонӣ шуд. Ҳарчанд ман ҳанӯз соли 1989 дар ин мавзӯъ мақолаи калоне дар нашрияи овозадори “Адабиёт ва санъат” нашр карда будам ва қариб як сол ангезаҳое дошт.
Ҷанги шаҳрвандӣ ва нобасомониҳои баъди он зарбаи шадид ба нозуктарин ҳуҷайраи ҷомеа – оила ва осебпазиртарин узви оила занон зад. Занон иззату қадри худро бохтанд, ноилоҷ барои зани намечандум шудан тан доданд. Тадқиқотҳои он солҳо нишон додаанд, ки дар ин маврид ҳеҷ зане худро хушбахт ҳис намекард.
Ҳоло чӣ? Чизе муҳиме ба назар мерасад, бемасъулиятии занону мардон дар ин маврид аст. Ҳоло дигар хатар ба ҷону шарафи занон чун солҳои пеш доғ нест, вале шумораи заноне, ки зани намечандум шудан мехоҳанд, бамаротиб афзудааст. Ва ин занон, чун занони солҳои пеш нестанд. Хосса дар шаҳрҳои калон. Маъмулан, онҳо мардони серпулро шикор мекунанд. Оилаҳоро вайрон мекунанд. Баъзан, фиреб мехӯранд, баъзан зиёд заҳмат мекашанд – аз сиёҳ кардану туҳмат бофтан то сеҳру ҷоду то зани якуми одатан чанд фарзанд доштаро дар назари шавҳар беқадр намоянду худашон соҳиби молу мулки ин мард бигарданд. Албатта, ҳама сад дар сад яксон нестанд, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шумораи ин гуна занон, ки мутахассисон онҳоро ба танфурӯшон монанд мекунанд, меафзояд, маҳораташон боло меравад. Баъзан, ин ҳодисаҳо дар дохили оила боқӣ мемонанд, баъзан то суд мераванд, баъзан чун ҳодисаи чанд сол пеш қатл шудани зани дуюм, аз ҷониби зани якум расонаӣ мешаванд.
Ин ҷо ду сабаб хеле равшан аст: нодидагарии мардон, ки дар худ ноҷавонмардиву бешарафӣ, ноустувории психологиро ҳам дорад. Ба қавле баробари ёфтани 4 танга, онҳоро “пул мебардорад”. Баъзан , чун он ронандаи таксӣ, ки мошини фарсудаву сару либоси бо он мувофиқ дошт, он пул ҳам ба сар ба сар кардани рӯзгорашон мерасад, ё не, вале фахри дузанагӣ дорад, ки аз қатор намонаду “ёлу думаш нарезад”. Ва худашон бехабар аз шикорчӣ ба сайд табдил меёбанд.
Худпарастии заноне, ки ҳисси худбаҳодиҳияшон поёнтар аз сифр аст. Худашонро танҳо тавассути маъшуқаи нафаре будан беҳтар ҳис мекунанд. Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад. Ва бигзор ин шӯи каси дигаре бошад, рӯзгори зани дигаре талх шавад, фарзандони ӯ дилшикаста шаванд. Гӯр сӯзаду деги инҳо биҷӯшад…
Поёни қисми аввал…
Қаламонлайн