Такзиби ҳамкории Арабистон бо Исроил дар раҳгирии ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Эрон
Ахбори байналмилал
Alarabiya
Арабистон ҳар гуна мушорикати худ дар раҳгирии ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Эрон ба Исроилро такзиб кард.
Манобеи огоҳ дар гуфтугӯ бо Алъарабия ҳар гуна мушорикати Арабистон дар раҳгирии ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Эрон ба Исроилро такзиб карданд.
Манобеи огоҳ шомгоҳи душанбе ба Алъарабия гуфтанд, ҳеч сойти расмии Арабистон изҳороте мабнӣ бар мушорикати ин кишвар дар раҳгирии ҳамалоти ахири Эрон мунташир накардааст.
Пештар бархе манобеи хабарии Исроил бо интишори ахборе ва мансуб кардани он ба як пойгоҳи хабарии расмии Саудӣ, гуфтанд, ки Арабистон дар эътилофи дифоии ахире, ки барои муқобила бо ҳамалоти Эрон шакл гирифта, ифои нақш доштааст.
Эрон шомгоҳи шанбе бо шиллики даҳҳо фарванд мушак ва паҳпод ба сӯйи Исроил, ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба консулгарии Теҳрон дар Димишқ посух дод.
Alarabiya
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: