Арзиши воқеии шахс

Адаб

Арзиши воқеии шахс

Шайх Абӯсаиди Абулхайр (аз урафои бузург)-ро гуфтанд: фалон кас бар рӯйи об меравад.

Шайх гуфт: саҳл аст, вазағе (қурбоғае) ва саъвае (парандае кучак) низ бар рӯйи об мебиравад.

Шайхро гуфтанд: фалон кас дар ҳаво мепарад.

Шайх гуфт: зағане (парандае гӯштхор) ва магасе низ дар ҳаво бипарад.

Ӯро гуфтанд: фалон кас дар як лаҳза аз шаҳре ба шаҳре мебиравад.

Шайх гуфт: шайтон низ дар як нафас аз машриқ ба мағриб мешавад. Ин чунин чизҳоро бас қимате нест. Мард он бувад, ки дар миёни халқ биншинад ва бархезад ва биҷунбад ва бо халқ доду ситад кунад ва бо халқ даромезад ва (дар ҳамаи ин ҳолот) як лаҳза аз Худо ғофил набошад.

Паёми ҳикоят:

Арзиши воқеии инсон ба ин аст, ки дар ҳоле ки дар миёни халқ аст ва бо онҳо даромехта, ҳамвора ба ёди Худованд бошад ва ҳаргиз ҳузури ӯро аз ёд набарад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Носазогӯӣ ва посухи ҳаким
Баҳманёр – шогирди Ибни Сино

Матолиби пурбоздид