Арзиши зиндагӣ

Адаб

Арзиши зиндагӣ

Тасаввур кунед, ки акнун соли 2050 шудааст…
Мо эҳтимолан пиру нотавон ҳастем, ки доруҳоямон ба се даста тақсим шудааст, доруи баъд аз субҳона, баъд аз хуроки нисфирӯзӣ ва шаб. Фарзандонамон дар хона нестанд ва ҳар кадомашон овораи зиндагии хеш.
Аз тамоми орзуҳои ҷавонӣ, фақат чанд то “эй кош” мондааст ва зиндагӣ хулоса мешавад дар аксҳое, ки гоҳе нигоҳашон мекунем ва хотироташон аз пеши чашмони торшудаамон мегузарад.
Дигар падару модаре нест, ки ба хонаашон биравем.
Хонаи падариамон, муддатҳост фурӯхта шудааст.
Амак, тағоҳо, аммаву холаамон, ки як бор дар сол ба хонаашон мерафтем, кайҳо аз дунё рафтаанд…
Ғамангез аст, агар дар айёми пирӣ, мо бимонему анбуҳе аз корҳое, ки диламон мехост анҷом диҳем, вале дигар наметавонем…
Пас, аз ҳамин имрӯз, аз ҳамин алъон:
Ҳеч вақт аз муҳаббат ба ҳамсарамон хиҷолат накашем. Рӯзе хоҳад расид, ки ё мо нестем, ё ӯ.
Ҳеч гоҳ рӯи завқу хостаҳои фарзандонамон по нагузорем. Ӯ ҳам рӯзе калон мешавад ва дигар фурсате барои ҷуброн намемонад.
Агар дӯстамон барои таваллудаш моро даъват кард, ҳатман биравем. Шояд ҳеч вақт дубора ҷашн нагирифт.
Абадан ба хотири мушкилоти хурду беарзиши зиндагӣ, робитаамонро бо падар, модар, фарзанд ва дӯстонамон қатъ накунем.
Суфраро паҳн нигаҳ дорем. Рӯзе хоҳад расид, ки хонаамон хилват мешавад. Касе ба суроғамон намеояд.
Агар ба ҷое мехостем, биравем, ҳамин имрӯз биравем.
Меҳмонӣ бигирем меҳмон шавем, гиря кунем, бихандем, бихарем, бифурӯшем, муҳаббат кунем, варзиш кунем, китоб бихонем. Таҳсил кунем. Ҳар кореро ки мехостем як замоне анҷом бидиҳем, акнун анҷом диҳем.
Дунё ҳеч арзише надорад.
Кам-кам нури чашмонамон меравад, чашмонамон тор мешавад, тавони пойҳоямон гирифта мешавад, ширинии забон ва зебоии чеҳраамон гирифта мешавад…
Ҳеч кас дар фикри мо нахоҳад буд, магар худамон.
Бихандем ва дар ҳар шароите аз зиндагӣ лаззат барем.
Шод бошем ва шодиро ройгон ба дигарон ҳадя кунем…

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар ҷустуҷӯи осоиш…
Эҳтимоли кудатои низомӣ дар Исроил вуҷуд дорад

Матолиби пурбоздид