Артиши Яман як киштиро, ки озими Исроил буд зад

Артиши Яман як киштиро, ки озими Исроил буд зад

Ахбори байналмилал

Irna

Фармондеҳии марказии артиши теруристии Омрико (CENTCOM) имрӯз (чаҳоршанбе, 3 январ) эълом кард, ки артиши Яман амалиёти ҷадидеро дар баҳри Сурх анҷом дод.

Ба гузориши Ирно ба нақл аз шабака Алҷазира, CENTCOM эътироф карда, ки артиши Яман ду мушаки болистики зидди киштӣ дар ҷануби баҳри Сурх шиллик кард.

Ба иддаои CENTCOM, дар ин амалиёт ба киштиҳои тиҷорӣ осеб нарасидааст.

Артиши Яман эълом карда, ки дар ҳимоят аз миллати Фаластин, киштиҳои саҳюнистӣ ва киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор медиҳад, аммо киштиронӣ барои соири киштиҳо озод аст ва онҳо аз амният бархӯрдор ҳастанд.

Артиши Яман тай ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовамати миллати Фаластин дар навори Ғазза, чанд киштии саҳюнистӣ ё озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандиб ҳадаф қарор додааст.

Нерӯҳои артиши Ямани мутаъаҳҳид шудаанд, то замоне, ки режими Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх идома хоҳад дод.

Омрико муддаӣ аст, ки эътилофи дарёӣ барои муқобила бо амалиёти артиши Яман дар баҳри Сурх эҷод кардааст, аммо Фаронса, Испониё ва Итолиё бо хуруҷи худ аз ин эътилоф, аз таҳвили киштиҳои ҷангии худ ба Фармондеҳии Иёлоти Муттаҳида худдорӣ кардаанд.

Irna

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрон; инфиҷор дар наздикии мазори шаҳид Қосим Сулаймонӣ
Нахуствазири Лубнон: “Ҳадаф аз инфиҷори Зоҳияи Бейрут, ворид кардани Лубнон ба марҳилаи ҷадиди даргирӣ аст”

Матолиби пурбоздид