Афви байналмилал: Ҷанги Украина меъёрҳои дугонаи Ғарбро бармало кард

Афви байналмилал: Ҷанги Украина меъёрҳои дугонаи Ғарбро бармало кард
Ахбори ҷаҳон
Як гурӯҳи ҳуқуқи башарӣ эълом кард, ки хашми ҷаҳонӣ аз таҳоҷуми Русия ба Украина дар соли гузашта, ба ифшои “меъёрҳои дугона”-и Ғарб дар баробари нақзи ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон кӯмак кардааст.
Ба гузориши сойти Афви байналмилал (Amnesty International), ин ниҳоди ҳуқуқи башарӣ дар гузориши солонаи ҷаҳонии худ барои соли 2022, ба он чи “сукути Ғарб дар қиболи парвандаи ҳуқуқи башарии Арабистони Саудӣ, саркӯб дар Миср, қатли Маҳсо Аминӣ дар Эрон ва рафтори Исроил бо фаластиниҳо” тавсиф кард, ишора кард.
Огнес Коломар (Agnès Callamard), дабири кулли Афви байналмилал, ҳангоми ироаи гузориши ҷаҳонии ин гурӯҳ дар Порис ба хабарнигори France 24 гуфт: “Вокуниши шадиди Ғарб ба ҳамлаи Русия ба Украина, бар меъёрҳои дугона таъкид кард ва дар муқоиса бо дигар рухдодҳо нишон дод, ки вокунишҳои онҳо дар баробари бисёре аз нақзҳои дигари Маншури Созмони Милал чӣ қадар беаҳаммият будааст”.
Ин фаъоли ҳуқуқи башарӣ таъкид кард: “Ҳамлаи Русия ба Укройн ба мо диди бисёр нодире аз он чи рафтори Ғарб дар мавзӯи ҳуқуқи башар номида мешавад, дод. Бисёре аз кишварҳои урупоӣ баъд аз таҳоҷуми Русия ба Укройн, марзҳои худро боз карда ва пазирои муҳоҷирон шуданд, ҳол он ки дар баробари фоҷеаҳои соири нуқоти дунё сокит буданд”.
Дар ин баёния, ба сукути Ғарб дар мавриди савобиқи ҳуқуқи башари Арабистони Саудӣ, инфиол дар қиболи Миср, қатли Маҳсо Аминӣ ба дасти пулиси ахлоқ ва худдорӣ аз муқобила бо системи опортойди Исроил алайҳи фаластинён ишора шудааст.
Аmnesty.org
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
19 ҳазор нафар донишҷӯён ва хонандагон дар Хуҷанд, ба «маршировка» ҷалб шудаанд

Матолиби пурбоздид