Ахбори Ҳаҷ

Ахбори Ҳаҷ

Бар асоси гузоришоти Радиои Озодӣ, то 11-уми июн, беш аз якуним миллион мусалмон аз гӯшаву канори ҷаҳон барои адои маросими ҳаҷ вориди Арабистони Саудӣ шудаанд.

Қарор аст, садҳо ҳазор нафари дигар аз дохили Саудӣ ба онҳо бипайванданд.

Маросими имсолаи ҳаҷ рӯзи 14-уми июн оғоз мешавад. Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтаанд, теъдоди зоирон дар муқоиса ба соли 2023 бештар хоҳад буд.

Соли гузашта зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор нафар ба зиёрати Каъба мушарраф шуда буданд.

Саҳми Тоҷикистон тақрибан 7 ҳазор нафар барои адои фаризаи ҳаҷ муқарра шудааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фарҳанги сухан гуфтан
Зиёни миллат аз беиттиҳодист

Матолиби пурбоздид