Ашъори Рӯдакӣ дар «Таърихи Байҳақӣ»
Сайфулло Муллоҷон
Зи шоир зинда мемонад ба гетӣ ном шоҳонро,
Фуруғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.
Ибни Ямин.
Агар ба авомили муҳаббати беандозаи тоҷикону форсизабонон нисбат ба дудмони сомонӣ ишора намоем, бешак яке аз ин ангезаҳо шоирпарварӣ ва аз ҷумла гиромидошти Рӯдакӣ дар замони истиқрори ҳукумати эшон бар Хуросон мебошад. Амирони бокарами сомонӣ хуб дарк карда буданд, ки:
Ҷовидон монад карим, аз мадҳи шоир зинданом,
З-ин бувад шоирнавозӣ одату расми киром.
Дар баробари ин ҳама қадрдонӣ Рӯдакӣ ҳам, умарои ин хонаводаро ситоиш ва вузарову аъёни даргоҳи сомониро мадҳи зиёд гуфтааст ва номи эшон бар лавҳи рӯзгор нигоштааст ва дар сафи некномони таърих гунҷонидааст. Шоире инсофан ин воқеъиятро баён дошта, мефармояд:
Аз он чандон наими ҷовидонӣ,
Ки монд аз Оли Сомон в- Оли Сосон ,
Санои Рӯдакӣ мондаасту мидҳат,
Навои Борбад мондаасту дастон.
Рӯдакӣ аз машҳуртарин шуарои адабиёти форсӣ буда, барҳаққ «султони шоирон» ва «одамушшуарро» унвон гирифтааст. Шахсияти Рӯдакӣ ниёз ба тавзеҳ надорад ва бештари шоирони форсигӯй ашъори ӯро тазмин ё мазмунҳои ӯро такрор намудаанд. Муаррихони гузашта низ ҳар кадоме мақоми воло ва ҷойгоҳи рафеъи варо тазаккур додаанд. Муаллифи асари «Роҳатус-судур ва ояту-сурур» Ровандӣ, ки ба салтанати Салҷуқиён бахшида шудааст, менависад, ки шоири ҷавоне хидмати Саййид Ҳасани Ғазнавӣ шоири маъруф расид. Сайийд Ҳасан ӯро дар ҷоддаи шоирӣ роҳнамоӣ карда, аз ҷумла ҷунин насиҳат мекунад: «аз шеъри Саноӣ ва Унсурӣ ва Муиззиву Рӯдакӣ иҷтиноб кун, ҳаргиз нашнавӣ ва нахонӣ ки он табъҳои баланд аст, табьи ту бибандад ва аз мақсуд боз дорад». Ин гуфтори шоир ҳарчанд аҷиб аст, аммо ҳикоят аз баландмақомии Рӯдакӣ дорад.
Ба навиштаи Саъид Нафисӣ Рӯдакӣ роҳбаре тавоно буд, ки роҳро бар Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидони Унсурӣ, Фаррухӣ, Асҷадӣ, Мунҷик ва Носири Хусравро пояи устувор ниҳод.
Аммо ин шӯҳрат, зиндагӣ ва осори гаронбаҳои шоирро зери шуъо қарор дода, рӯзгор ҳам ба мероси ӯ тараҳҳум накардааст. Агар як қарн пас аз гузаштани Рӯдакӣ шеъри ӯро «баршумурда», як миллиону сесад ҳазор гуфта бошанд ( Рашидии Самарқандӣ) пас аз чанд аср аз ин ҳама танҳо ҳазору анд байте барҷой мондааст. Осори боқимондаи Рӯдакиро асосан тазкираҳо ва фарҳангҳо ёдовар гашта, баъзе абёти онро шоирони баъдӣ тазмин кардаанд ва манбаи саввуми ашъори парокандаи одамушшуаро таърихҳои бо забони форсӣ нигошта шуда мебошанд. Аз ҷумла дар «Таърихи Масъудӣ» «Таърихи Систон» «Таърихи Гузида», «Ҳабиб-ус-сияр» «Таърихи нигористон», ба муносибатҳое аз ашъори Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ оварда шуда аз баракати ин китобҳо абёти шоир то ба рӯзҳои мо расидааст. Аз ҷумла машҳуртарин қасидаи Рӯдакӣ «Модари май»-ро муаллифи гумноми «Таърихи Систон» дар асри хеш ҷой дода ва ин қасида тавассути ин таърих дастраси мо гардидааст.
«Таърихи Масъудӣ » -и ки бештар бо исми муаллифи бузургвораш – Байҳақӣ ба «Таърихи Байҳақӣ» шӯҳрат дорад, муҳимтарин китоби таърихӣ ва аз осори беназири барҷоймондаи насри форсӣ маҳсуб мешавад. Ин ганҷи бебаҳо, ки яке аз нахустини осори таърихии пас аз давраи исломии мо мебошад, аз ду ҷиҳат ҷойгоҳи воло дорад, яке насри шевои форсӣ ва дигаре сабки воқеънигории таърихӣ. Байҳақӣ умри азизи хешро дар хидмати дарбори Ғазнавиён сипарӣ карда, шоҳиди яке аз ошуфтатарин давраҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. ӯ дар яке аз муҳимтарин мақомоти давлатии Ғазнавиён- девони рисолат ба сифати дабир адои вазифа мекард. Шуғли дабирӣ дар ин аҳд аз аҳаммияти бузурге бархурдор буда, ашхосе ба ин мартаба баргузида мешудаанд, ки « адаби нафс»ва «адаби дарс» дошта, « арабидону некӯхат» бошанд. Байҳақӣ шоҳиди футуҳоти Маҳмуд, ва нозири дасисаҳои дарбори Масъуд гардида, пас аз истеъфо додан аз ин вазифа бо нигоштани таърихи «хонаводаи бузурги» ғазнавӣ мепардозад. Ин таълифот дар манобеъи гуногун бо номҳои мухталиф ёдварӣ гашта, ба таври куллӣ «Таърихи Оли Сабуктагин» номида шудааст. Аммо дареғо, ки ин навиштаҳои равон, насри дилчасп ва он ҳама маънии баланд аз газанди рӯзгор эмин намонда, танҳо қисмҳои ба салтанати Масъуд бахшидаи асари Байҳақӣ (ҷилдҳои 5-10) барҷой мондааст. Перомуни мазоёи фаровони ин таърихнома метавон зиёд гуфт, аммо чанд вижагии он мухтасар иборат аст аз:
- Забони мутадовили асри Ғазнавиён аз баракати ҳамин асар дастраси ворисон гардидааст.
- Байҳақӣ фанни таърихнигории илмии тоҷикро поягузорӣ карда, беш аз ҳар муаррихи дигар диққати назар дошта асолати услуби илмиро риоят фармудааст.
- Байҳақӣ таърихашро бо оёти қуръонӣ, аҳодиси набавӣ, амсолу ҳикмат ва ашъори фаровони тозиву форсӣ ороста, ки асарро арзиши баланди адабӣ ҳам додаст.
«Яке аз хусусияти бориз ва қобили таваҷҷуҳи шоҳкори Абулфазли Байҳақӣ ҳамроҳ сохтани таърих бо шавоҳиду амсоли шеърӣ ва ҳикоёту қисаси берун аз ҳодисаи таърихӣ барои ширин сохтани таърих мебошад, ки хонандаро масҳур мекунанд». Байҳақӣ ки худ марде фозилу адибе донишманд буда, шеъри нағз низ сурудааст, дар ҷое аз асар зимни нақли ашъоре чунин мегуяд:
«Акнун қасидае бибояд гуфт ва он гузаштаро ба шеър тоза кард,то таърих бад-он ороста гардад». Дар осори таърихии замони Байҳақӣ ва қабл аз он (чун «Зайну-л-ахбор») овардани шеър чун шоҳиди маъно чандон роиҷ нест, вале Байҳақӣ баҳри исботи муддаои хеш ва бештар панду ибрат додан ба хонандааш ба ҳар муносибате таърихашро бо абёти пурмазмун зевар мебахшад. Байҳақӣ ҷамъан дар таърихи худ сесаду бисту як намунаи шеър оварда, ки асосан дар мавориди панду андарз ва беэтибории дунё суруда шудаанд. Байтҳое аз шоирони арабизабон ҳам, ки маънии баланд дошта, бо фасоҳати хеш фарқ мекунанд, дар асри мазкур зикр шудаанд. Ашори Рӯдакӣ, Лабибӣ, Дақиқӣ, Маъруфи Балхӣ, Унсурӣ, Абутаййиби Мусъабӣ, Абуҳанифаи Аскофиро Байҳақии дабир дар таърихи хеш истифода бурдааст ва ҳатто шоиреро фармоиш дода, ки барои мавзуи муаяне қасида созад ва каломи ӯро тақвият бахшад.
Аз баракати ин аср чанд байти одамушшуаро то ба рӯзгори мо расида, дар ҳеч манбаи дигар такрор намешаванд. Яке аз далелҳои бештар аз Рӯдакӣ овардани байтҳои пурмазмун, бешак забонзади хосу ом будани мероси адабии ӯ дар рӯзгори Байҳақӣ буда ва зиёд мазмуни панду насиҳат доштани ашъори вай мебошад. Носири Хусрав, ки ба замони Рӯдакӣ хеле наздик аст, ин воқеъиятро чунин тавсиф мекунад :
Ашъори зуҳду панд басе гуфтаст,
Он тирачашм шоири рӯшанбин.
Он хондаӣ, бихон, сухани ҳуҷҷат,
Рангин ба ранг маънии пандогин. Байҳақӣ зикре аз Рӯдакиву осори ӯро дар ҷилди панҷуми таърихаш овардааст: пас аз баёни ҳикояти амир Алии Қариб – яке аз акобири дарбори Ғазнин, ки пас аз даргузашти Маҳмуд писари хурдии ӯ Муҳаммадро аз Гузгонон ба Ғазнин даъват карда, ба ҷои падар бар тахти салтанат нишонд. Ин Алӣ бо фиребу хиёнати наздиконаш ва бо ишораи султон Масъуд гирифтору он гаҳ амволаш мусодараву зиндонӣ ва саранҷом, ба қатл расонида мешавад.Баъд аз нақли достони ҳузнангези ин мард Байҳақӣ моҷароро чунин ҷамъбаст мекунад: «ин аст Аливу рӯзгорашу қавмаш, ки ба поён омад ва аҳмақ касе бошад, ки дил дар ин гетии ғаддори фирефтакор бандад ва неъмату ҷоҳу вилояти ӯро ба ҳеч чиз шумурад. Ва устод Рӯдакӣ гуфтааст ва замонаро нек шинохтааст ва мардумонро бад-ӯ шиносо карда:
Ин ҷаҳон пок хоб кирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷои тимор аст.
Чӣ нишинӣ бад- ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст.
Дониши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст».
Байҳақии дабир мисли муарихони дигар, ки саҳифаҳои таърихро барои хушомади подшоҳони аср оростаанд, воқеъанигорӣ накарда, ҳамчун муаллими андарзгӯй дарсҳои ибратбахши таърихро бо зикри сабаб ва натиҷаҳои он баён медорад ва умедвор аст, ки хонанда аз навиштаҳояш панд мегирад.
Яке аз достонҳои фоҷеаомези «Таърихи Байҳақӣ» зикри бар дор кардани амир Ҳасанаки вазир аст, ки муаллиф дар он доди сухан дода, бо насри фасеҳ фарҷоми кори вазири маҳбуби Маҳмудро ба қалам додаст. Бо дасисаи Бусаҳли Зӯзанӣ, ки ба қавли Байҳақӣ марде адибу шоир ва дар айни замон шароратпешаву иғвогар буд, Ҳасанак ба марг маҳкум мешавад. Зӯзанӣ дар вақти вазир будани Ҳасанак, дар мадҳи ӯ қасида суруда, вале пас аз «баргаштани варақ» ва дигаргун шудани аҳволи рӯзгор, худ ба амир Масъуд наздик мешавад ва ба хотири кудурате ки дар дил дошт амирро водор месозад, ки Ҳасанакро ба дор кашанд ва ҷурми ӯро «қарматӣ будан» медонанд. Байҳақӣ пас аз баёни достони риққатовари ин арбоби давлатӣ хонандаашро боз ҳам ба ибратпазирӣ даъват мекунад ва бо абёте аз Рӯдакӣ онро чунин ҷамъбаст менамояд: «ин аст Ҳасанаку рӯзгорашу гуфтораш, раҳматуллоҳ алайҳи ва агар замину оби мусалмонон ба ғасб бистуд на замин монду на об ва чандон ғулому зиёъ ва асбобу зару сим ва неъмат ҳеч суд надошт. Ӯ рафтқ ин қавм, ки макр сохта буданд, низ бирафтанд, раҳматуллоҳ алайҳим. Ва ин афсонаест бо бисёр ибрат. Ва ин ҳама асбоби мунозаату муковаҳат аз баҳри ҳитоми дунё ба як сӯй ниҳоданд. Аҳмақ мардо, ки дил дар ин ҷаҳон бандад, ки неъмате бидиҳад ва зишт бозситонад». Рӯдакӣ гӯяд:
Ба сарои сипанҷ меҳмонро,
Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост.
Зери хок андарун-т бояд хуфт,
Гар чӣ акнун-т хоб бар дебост.
Бо касон буданат чӣ суд кунад,
Ки ба гӯр андарун шудан танҳост.
Ёри ту зери хок мӯру магас,
Бадали он ки гесуват пирост.
Он ки зулфайну гесӯват пирост,
Гар чӣ динор дирам-ш баҳост.
Чун туро дид зардгуна шуда,
Сард гардад дилаш, на нобиност.
Байҳақӣ дар ҷараёни «рондани » таърих пас аз марги Маҳмуд аз зиддияти ду гурӯҳи дарбори Ғазнавиён «падариён» ва «писариён» сӯҳбат карда, аз тавтиъа ва ихтилофоти фаровон, ки муҷиби суқути ашхос мегашт, гузориш медиҳад. Яке аз чунин афрод сипаҳсолор Асиғтагин (Асафтагин)-и ғозӣ буд, ки гирифтор ва зиндонӣ мегардад. Пас аз баёни кори ин чеҳраи намоёни дарбори Ғазнин Байҳақӣ хонандаро аз нопайдориву бевафоии дунё огоҳ сохта мегӯяд: «хирадманд он аст, ки ба неъматеву ишвае, ки замона диҳад, фирефта нашавад ва бар ҳазар мебошад аз боз ситудан, ки сахт зишт ситонаду бемуҳобо, ва дар он бояд кӯшид, ки озодмардонро истиноъ кунад ва тухми некӣ бипароканад ҳам ин ҷаҳонӣ ва ҳам он ҷаҳонӣ, то аз вай номи некӯ ёдгор монад… Ва Рӯдакӣ низ некӯ гуфтааст:
Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,
Маргро сар ҳама фурӯ кардаанд.
Зери хок андарун шудаанд онон,
Ки ҳама кӯшкҳо баровардаанд.
Аз ҳазорон-ҳазор неъмату ноз,
На ба охир ба ҷуз кафан бурдаанд,
Буд аз неъмат он чӣ пӯшиданд,
В-он чӣ додаанд в-он кӯҷо х(в)арданд.
Абулфазли Байҳақӣ таърихи худро дар поёни умр нигошта аз ағлаби ашхоси дарбор, ки ҳамроҳи онҳо дар хидмат қарор дошт ва ҳангоми навиштани асар аз дунё рафта буданд, ба некӣ ёдовар мешавад. Аммо нисбат ба устоди худ Абунасри Мушкон ва вазир Ҳасани Маймандӣ эҳтироми бештар дорад. Бо шунидани хабари даргузашти ин вазир Байҳақӣ менависад, ки «ба марги ин муҳташам шаҳомату диёнат ва кифояту бузургӣ бимурд». Сипас муаррих забон ба насиҳат кушода, дар поён бо мисраҳои Рӯдакӣ каломашро ҷамъбаст месозад: «ин ҷаҳони гузарандаро хулуд нест ва ҳама бар корвонгоҳем ва паси ядигар меравем ва ҳеч касро ин ҷо мақом нахоҳад буд, чунон бояд зист, ки пас аз марг дуои нек кунанд. Ва ба аҷаб бимондам аз ҳирсу муноқишат бо якдигар ва чандин визру вубол ва ҳисобу табъат ки дарвеши гурусна дар меҳнату заҳир ва тавонгар бо ҳама неъмат, чун марг фароз ояд аз якдигар бозашон натавон шинохт, мард он аст, ки пас аз марг номаш зинда бимонад, Рӯдакӣ гуфта:
Зиндагонӣ чӣ кӯтаҳу чӣ дароз,
На ба охир бимурд бояд боз.
Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,
Ин расанро агар чӣ ҳаст дароз.
Хоҳӣ андар инову шиддат зӣ,
Хоҳӣ андар амон, ба неъмату ноз.
Хоҳӣ андактар аз ҷаҳон бипазир
Хоҳи аз Рай бигир то ба Тироз.
Ин ҳама боди дев бар ҷон аст,
Хобро ҳукм не, магар ки маҷоз.
Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигарашон боз.
Охирин мавриде, ки ашъори нағзи Рӯдакӣ дар «Таърихи Байҳақӣ» оварда шуда, ба муносибати фавти устоди Байҳақӣ, соҳибдевони рисолати Ғазнавиён Бунасри Мушкон мебошад. Нақши Бунаср дар парваришу рушди Абулфазл хеле бузург буда, ӯро азизтар аз фарзандон дошта, нуздаҳ сол таҳти ҳимояти худ ба хидмати дарбор гумоштааст. Байҳақӣ «қаламро лахте бар вай гирёнда», аз фазоили ин марди некном мукаррар ёд менамояд ва бо зикри абёте аз Рӯдакӣ худро ба марги устодаш тассало медиҳад. Ин аст он ашъор:
Эй он ки ғамгину сазоворӣ,
В-андар ниҳон сиришк ҳамеборӣ.
Аз баҳри он куҷо бибарам номаш,
Тарсам зи сахт андуҳ душворӣ.
Рафт он ки рафт, омад он к-омад,
Буд он-чӣ буд, хира чӣ ғам дорӣ.
Ҳамвор кард хоҳӣ гетиро,
Гетист кай пазирад ҳамворӣ.
Мустӣ макун ки нашнавад ӯ мустӣ,
Зорӣ макун ки нашнавад ӯ зорӣ.
Шав то қиёмат ояд зорӣ кун ,
Кай рафтаро ба зорӣ боз орӣ.
Озор беш бинӣ з-ин гардун,
Гар ту ба ҳар баҳона биёзорӣ.
Гӯӣ гумоштаст балои ӯ,
Бар ҳар ки ту бар ӯ дил бигморӣ.
Абре падид неву кусуфу не,
Бигрифт моҳу гашт ҷаҳон торӣ.
Фармон кунӣ ва ё накунӣ тарсам,
Бар хештан зафар надиҳӣ борӣ.
То бишканӣ сипоҳи ғамон бар дил,
Он беҳ ки май биёриву бигсорӣ.
Андар балои сахт падид ояд,
Фазлу бузургвориву солорӣ.
Ҳамин тавр Байҳақии муаррих асари нотакрори хешро бо ашъори арабиву форсӣ ороста, аз баракати ин асар абёти гумшудаи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Аскофӣ ва чанд шоири дигар маҳфуз мондааст. Аз ҳазору анд байте, ки имрӯз дар девони Рӯдакӣ ҷамъ омада, дар мансуб будани баъзе аз он ба шоир тардид аст, вале бо иддио метавон ашъори аз одамушшуаро овардан Байҳақиро танҳо ба худи шоир нисбат дод. Зеро Байҳақӣ дар авохири замони Сомониён ба дунё омада, парвардаи он муҳит аст ва дигар ин ки дар нигоштани таърих ниҳоят дақиқназар ва пойбанд ба асолати руйдодҳову омилони он буд.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайфулло Муллоҷон)
Қаламонлайн