Аҳкоми рӯза – 1
Чӣ касоне бар онҳо воҷиб аст, ки ҳам рӯзаро бихӯранд ва ҳам онро қазо кунанд?
Фуқаҳо иттифоқи назар доранд бар ин ки занон дар ҳоли ҳайз ва нифос (даврони баъд аз зоймон то замоне, ки хунрезӣ доранд) воҷиб аст, ки бихӯранд ва рӯза гирифтан барои онҳо ҳаром аст ва агар дар он ҳол рӯза бигиранд, рӯзаи онҳо саҳеҳ нест, балки ботил аст. Лекин бар онҳо воҷиб аст, ки рӯзаҳоеро, ки хӯрдаанд, қазо кунанд.
Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Оиша (р) ривоят кардаанд, ки гуфта: “Мо дар замони Паёмбар (с) ҳар гоҳ ҳайз медидем, ба мо дастур дода мешуд, ки рӯзаро қазо кунем, вале ба мо дастур дода намешуд, ки намозро қазо хонем.”
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн